Саридастӣ, на «тезтайёр»!

Вақте мушоҳида мешавад, ки дар сардари баъзе ошхонаҳо навиштаанд «тезтайёр», яъне таомҳое, ки ба зудӣ омода мешаванд, афсӯс мехӯрам, ки чаро калимаи зебои «саридастӣ» (сардастӣ, сардастакӣ), ки дар мардум дақиқан ба ҳамин маъно роиҷ аст, аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст. Ба наздикӣ «зудтайёр»-ро ҳам дар ҷое дидам. Инҳо қолаббардориҳо аз забони хориҷӣ аст, агарчи нависандагон ин ҷо ибтикоре ҳам нишон додаанд, яъне ибораро (... быстрого приготовления)-ро як калима кардаанд: “тезтайёр, зудтайёр”.
Калимаи тоҷикии “саридастӣ (сардастӣ)” дар фарҳангҳо чунин шарҳ дода шудааст: “Таъому шаробе ки ҳозир бошад ё зуд ҳозир кунанд. (Фарҳанги Муъин)

Бодае чанд хурд сардастӣ,
Сӯйи саҳро шуд аз сари мастӣ.

(Низомӣ)

Хулоса, бо истифодаи васеъи ин калимаи зебову пурмаънои тоҷикӣ дар саноати хурокворӣ онро имрӯз бисёр бамаврид метавон эҳё кард.

Рустами ВАҲҲОБ