Иҷлосияи сарнавиштсоз

Номи китоб: Иҷлосияи сарнавиштсоз 
Муаллиф: Шариф Комилзода, Моҳира Акобирова
Макони чоп: Душанбе 
Ношир: «Бухоро»
Соли нашр: 2012   
Теъдоди саҳифаҳо: 206с
Феҳристи мазкур ба ифтихори 20–солагии Иҷлосияи  XVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Феҳрист аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 10 зерқисм иборат аст.
Мақолаи  муқаддимавӣ  роҷеъ  ба  аҳамияти  оламшумул  ва  нақши  таърихии Иҷлосияи XVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи навин ва эҳёи заминаҳои  конститутсионии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  маълумоти  мушаххас медиҳад.
Дар  қисми  якуми  феҳрист  номгўи  асарҳои  дар  шакли  алоҳида  нашршуда  дохил шудаанд.
Қисми  дуюми  феҳрист  адабиёти  дар  саҳифаҳои  нашрияҳои  даврӣ,  китобҳо  ва маҷмўаҳои илмӣ интишорёфтаро дар бар мегирад.
Дар феҳрист унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти  библиографӣ  ба  асарҳои  такроран  чопшуда  тибқи  замони  нашрашон 
зери  як  асар  бо  нишон  додани  ҳамаи  манбаъҳои  интишорӣ  пешниҳод  шудааст. 
Мундариҷаи  асарҳои  бузургҳаҷм  ба  намоиш  гузошта  шуда,  асарҳое,  ки  тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.  Тақризҳои  ба  китобҳои  марбута  зери  ҳамон  китобҳо  ҷой  дода  шудаанд. 
Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои феҳрист тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дарёфти китоб