Дар ним сол 147 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон дидан кардаанд


Дар Конфронси байналмилалии “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” масоили марбут ба рушди сайёҳӣ дар кишвар, стратегияи давлатии тавсеъаи туризм, ҷалби сайёҳон ва мушкилоти ношӣ аз ободонии макони диду боздиди сайёҳон мавриди баррасӣ қарор гирирфт.
Ин Конфронс қабл аз зуҳри рӯзи шанбе, 29-уми августи соли равон бо ширкати Муовини Сарвазири  кишвар Марҳабо Ҷабборӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Ањтам Абдуллозода дар сухани муқаддамотии худ гуфт, ки туризм дар кишвар дар ҳоли рушд аст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз 69 мамлакати олам 147 ҳазор сайёҳон  аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2014 қариб 73 ҳазор нафар зиёд аст.
Раиси Кумитаи ҷавонон ҳамчунин гуфт, ки сайёҳӣ зарфи ним соли аввали соли 2015 ба иқтисоди кишвар бештар аз 73 миллион доллар фоида овардааст.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз стратегияи давлатии рушди сайёҳӣ ҳарф зад ва гуфт, ки тавсеъаи туризм ҳамеша дар мадди назари Президенти ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.  
Дар Конфронс ҳамчунин директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Худойбердї Холиќназар дар мавзўи «Рушди туризм њадафи стратегї», директори иљроияи Ташкилоти миллии Шотландия Филипп Ридл дар мавзўи «Роњњои тезтар амалї гардидани наќша –чорабинињои Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши туризм» маърӯза карданд.
 Гуфтанист, ки тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ  ҳар сайёҳи хориҷӣ дар сафар ва диду боздидаш аз Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 500 доллари амрикоӣ масраф мекунад.
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии тарҳҳои вижаи рушди сайёҳӣ талош дорад имкониятҳоеро фароҳам орад, ки муҷиби ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар шавад.