Дар Китобхонаи миллӣ омилҳои гаравиш ба ифрогароиро баррасӣ карданд
Омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои ифротгаро дар нишасти муштараки созмони ҷавонони “Созандагони Ватан” ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ин нишаст қабл аз зуҳри 12-уми август дар Китобхонаи миллӣ бо ҳузури Директори он Сайфиддин Назарзода ва Ҷонишини Раиси Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон Латифзода Асрори Қурбон доир гардид.
Профессор Абдулвоҳид Шамолов-муовини тозатаъини нашрияи “Минбари халқ” дар мавзуъи «Давлати исломии Ироқу Шом” ва таъсири он ба ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ» маърӯза кард. Абдулвоҳид Шамолов вуҷуди ДОИШ-ро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ омили хатар донист. Ба андешаи ӯ ин ҳаргиз як тарҳи нав набуда, нақшаи хеле қадимист, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсимбандии нави ҷаҳонӣ ва бахусус минтақа кашидаанд.
Абдулвоҳид Шамолов гуфт, ки “кишварҳои узви НАТО, ба хусус давлатҳои қудратманди Аврупо ва Амрико низ аз яксӯ барои дастёбӣ ба манфиатҳои иқтисодиву сиёсии худ ва аз сӯи дигар барои ҷилавгирӣ аз тавсеаинуфузи Русия, Эрон ваЧин ба ин минтақа таваҷҷуҳи амиқ доранд. Дар ин миён он чизе, ки шоёни таваҷҷуҳ ва нигаронӣ мебошад, ин аст, ки баъзе кишварҳо аз қабили Покистон, Арабистони Саудӣ, Амрико, Исроил ва Иттиҳоди Аврупо ба мақсади расидан ба ҳадафҳои худ аз гурӯҳҳои ифротгароии мазҳабӣ ҳимоят ва пуштибонӣ карда, онҳоро дар сарлавҳаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии хеш қарор додаанд”.
Муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума дар мавзўи «Моҳият, сабабҳои авҷгирӣ ва роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм», суханронӣ кард. Вай бар ин назар аст, ки таҳкими чораҳои пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон як барномаи дурустест, ки ҳоло Ҳукумати кишвар роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи Муинӣ Мавсума ин як силсилачорабиниҳост, ки дар ҳоли татбиқ ва ташаккул аст.
Дар ин нишаст ҳамчунин суханронии сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ Таҷаллӣ Диловар Алӣ таҳти унвони «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он»низ шунида шуд.
Дар нишаст ширкаткунандагони дигар аз ҷумлаи коршиносони мустақил низ дар атрофи ин мавзуъҳо ибрози назар намуданд.