«Сулҳу ваҳдат-бахти миллат»
Нашр шуд 2015-06-24 16:59
19-уми июни соли равон шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китоб дар мавзўи «Сулҳу ваҳдат-бахти миллат» доир намуд.
Дар ин намоиш наздик ба 50–номгўи китобҳои бахшида ба Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Аз ҷумла, китобҳои «Тоҷикистон: Даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Эмомалӣ Раҳмон), «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» (Абдуфаттоҳ Шарифзода, Саймурод Фаттоев), «Ваҳдат, давлат, президент» (Қурбон Восеъ , Фирдавс Восеъ), «Чакомаи Ваҳдат» (Гулчини ашъор), «Баёзи Ваҳдат», «Меъмори Ваҳдат» (Султони Мирзошоҳ, Шодон Ҳаниф), «Ваҳдат, Давлат, Президент» (ҳайати мушовара: С.Фаттоев, Қ. Восеъ, М. Убайдуллоев, Қ. Қосим, Ғ. Авзалӣ, Қ. Расулзода), «Ваҳдатовар» (Назруллои Абдулваҳҳоб, Умари Шерхон) ва ҳоказо ба намоиш гузошта шудаанд.