Боздиди сафир аз маркази фарҳангии Эрон
Нашр шуд 2015-06-24 16:58
Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ-Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,Алиризо Рашидиён раиси вилояти Хуросони ин кишвар ва чанд тан аз дипломатҳои эронӣ рӯзи 13-уми июни соли равон аз маркази фарҳангии Эрон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Дар ҷараёни боздид Сафири Эрон ва Директори китобхона Сайфиддин Назарзода масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои Ҷумҳурии Ичломии Эронро мавриди суҳбат қарор доданд.
Меҳмонон зимни боздид аз маркази фарҳангии Эрон ба китобхонаи миллӣ таҷҳизоти техникӣ ва рамзи Китобхонаи миллии Эронро туҳфа намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ба раиси вилояти Хуросон Алиризо Рашидиён китоби Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳадя намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази фарҳангии Эрон ба номи устод Рӯдакӣ тобистони соли 1995 бо ташаббуси сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ифтитоҳ гардида, ҳоло дорои ҳудудан 22,5 ҳазор нусха китоб аст.