Ширкати вазири собиқ дар «Чароғи маърифат»
Нашр шуд 2015-06-01 12:58
Дар нишасти «Чароғи маърифат», ки 29-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, хонандагони фаъоли шуъбаи абонименти байни китобхонаҳо бо аспирантҳо ва унвонҷўён мулоқот карданд.
Дар ин дидор, ки бо сухани ифтитоҳии муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Сайидҷаъфар Сафаров оғоз шуд, Офоқхон Катаев, собиқ вазири савдои кишвар, Масрури Абдуллоҳ-ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ширкат доштанд. Маврид ба таъкид аст, ки Офоқхон Катаев аз зумраи фаъолтарин узви шўъбаи абонименти байни китобхонаҳо ба шумор меравад.
Ширкаткунандагон гузоришҳои Муҳаммаднабӣ Баёнӣ дар мавзўи «Нақши китоб дар рушди фарҳанги ҷомеа», Муҳаммадиқбол Атоӣ дар мавзўи «Сарчашмаи илму дониш», гузориши Ҷамил Валиев дар мавзўи «Саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пайванди дўстиву ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик»-ро шуниданд.
Дар охир, мубодилаи афкор байни иштирокчиёни мулоқот доир гардид.