70 соли пурбаракати умри адиби хушнавис муборак бошад!

Панҷуми августи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба синни мубораки 70 даромад. Адиби маъруф  5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Абдулҳамид Самад замоне по ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта  шикаста шуданд, дидгоҳҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои

Айниддин Гадозода – пажуҳишгар, журналист ва соҳибкитоб

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода барои хизматҳои бисёрсола ва заҳмату талошаш дар соҳаи матбуот, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ бо унвон ва нишонаҳои сарисинагии «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг»-и Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Аълочии ҳифзи меҳнат»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин бо ҷоизаҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва Носири Хисрав дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ ва насри бадеӣ қадрдонӣ гардидааст.

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода 19-уми июли соли 1956 дар деҳаи Ҳасанбегӣ

300-сол умри «Девон»-и Қосими Анвор

Нусхаи хаттии Девони Анвор, ки имрўз дар хазинаи тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таҳти рақами 804 нигоҳдорӣ мешавад, яке аз нусхаҳои муътабари шуъбаи мазкур ба шумор меравад.

Нусхаҳои хаттӣ муаррифгари таърих тамаддун ва фарҳанги бисёрсолаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Ниёгони бузургу тамаддунофари тоҷик низ тӯли асрҳои зиёд бо навиштани осору таълифоти арзишманди хеш, дар тамаддун ва фарҳанги башарӣ саҳми намоёни худро гузоштаанд. Дастнависҳое, ки имрўз дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

Нашъамандӣ - вабои аср

Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун маъхази бузурги китоб дар мавзуъи нашъаву нашъамандӣ низ матолиби зиёдеро нигоҳ медорад ва мутолиаи онҳо барои ҳам муътодон ва ҳам барои касоне, ки мехоҳанд дар ин бора маълумоте дошта бошанд, муфид аст

Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра,

ПАҲН ( پهن )

Ахиран иштибоҳи дигаре ба назар мерасад, ки баръакс "паҳн"-ро ба ҷойи феъл ё исми ифодакунандаи феъл ба кор мебаранд. Хабаргузор мегӯяд: "Нашру паҳни ин китоб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зарур аст". Зоҳиран, дар ин ҷумла шояд ба хотири "тоҷикитар" кардани баён калимаи "пахш"-ро, ки дар зоти худ феъл аст ва маънои "паҳн кардан"-ро ҳам медиҳад, бо "паҳн" иваз кардаанд, ки аслан раво нест. Зимнан, худи

Фирўза Амоноваро бишносем

Ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дид. Шахсе, ки дар ҳамин умри кутаҳ аз худ даҳҳо асар бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба ёдгор гузошт. Дар таҳкими равобит бо марокизи эроншиносии олам хизматҳои арзишманд кард.

Фирўза Амонова    30-уми июли соли 1951 дар  шаҳри  Душанбе  ба  дунё  омадааст.  Шарқшиноси  тоҷик,  доктори  илмҳои  филология  (1991),  профессор (1998).   

Хатмкардаи  Университети  давлатии  Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии

Страницы