Муаллифи “Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона” 110-сола шуд

Дар адабиёт кам иттифоқоте пеш омада, ки ходимоти давлативу соҳибмансабони сатҳи олӣ баъдан номи худро чун адиби маъруф дар таърихи адабиёт сабт карда бошанд. Ҳабибулло Назаров касе буд, ки бо маълумоти ҳуқуқшиносӣ то зинаҳои вазири адлия ва Раиси додгоҳи олӣ кор кард, вале дар охир чун нависандаи маъруф шуҳрати абадӣ ёфт. 15-уми августи соли 2017 ин адиби нуктасанҷ 110-сола шуд.

Назаров Ҳабибулло 15-уми августи соли 1907 дар деҳаи Тўдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1927 сар мешавад.  Даставвал чўпон

Навқаламон ва китобдорони беҳтарин

Чунин ном дорад маҳфили наве, ки шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин ба баъд созмон медиҳад. Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба, эҷодкорони ҷавон ва шоирону нависандагон ширкат мекунанд.

Маҳфили нахустинро Назира Толибова – мудири шуъбаи кӯдакон ва наврасон ифтитоҳ намуд ва ҳадафи ташкили онро мухтасар баён кард. Вай гуфт, ки ҳадаф ҷалби наврасон ба кори эҷодӣ аст. “Мо гуфтем ин

Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз шарҳи ин се вожа дар се минтақаи торихии густариши забони порсии дарӣ бармеояд, ки ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд.

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муъосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

Китоб сарчашмаи дарёи ақл аст

Имрӯз итернет ҷавонони моро танбал ва бе ҳавсала намудааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, он ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мазўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро оварда ба муаллим медиҳад. Мусибат он аст, ки муаллим низ онро қабул дорад.

Академик Раҷаб Амонов-донишманд ва суханшиноси соҳибмактаб

Академик Раҷаб Амонов аз матраҳтарин чеҳраҳои илмии тоҷик дар нимаи дуюми садаи ХХ буд. Олиме, ки ҷавонии худро дар ҷабаҳоти ҷанг зидди фашизм гузаронд ва баъди бозгашти сарбаландона ҷабҳаи пажуҳишу фарҳанг ва илмро майдони амал қарор дод.

Адабиётшиноси намоён, фолклоршинос, мунаққид доктори илмҳои филология, академики Академияи фанҳои Тоҷикистон ва адиб Раҷаб Амонов 1-уми августи соли 1923 дар оилаи мўзадўз дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст.

«Рўзномаи сафар ба Самарқанд»-и Руи Гонсалес де Клавихо

Сафири испонӣ Руи Гонсалес де Клавихо ҳанӯз солҳои 1403-1406 асаре таълиф карда аз диду боздидҳо ва сафарҳояш ба мамолики Шарқи он замон. Ин китоб бо номи «Рўзномаи сафар ба Самарқанд» маълуму машҳур аст, ки бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал  бо забони тоҷикӣ  чоп шуд.

Китобро матбааи «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе соли 2016  ба нашр расонд
Китоби мазкур навиштаҳои сафарии сафири испанӣ Руи Гонсалес де Клавихоро дар бар гирифтааст, ки дар солҳои 1403-1406 таълиф гардидааст. Тарҷумаи тоҷикии ин китоби нодир аз ҷониби тарҷумон Ислом Юсуфӣ дар асоси нашри русии Маскав (соли 1990) сурат гирифтааст.

Страницы