Профессор Абдусаттор Нуралиев - устоди мумтози журналистони тоҷик

Аз аввали солҳои 70-и асри гузашта ҳар касе бо ихтисоси журналист факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кард, ҳатман, ки сабқҳои устод Абдусаттор Нуралиевро ёд дорад.  Муддати ин бештар аз 50 сол устод гоҳ омӯзгори журналистон будаву гоҳ сарвари кафедра ва гоҳи дигар декани факултет. Аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф ва пажуҳишгарони борикназаранд.

Вазъ ва ниёзмандиҳои китобхонаҳои Раштонзамин

Китобхонаҳои ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт ба китобҳои тозанашр, техникаи китобдорӣ, технологияи муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаи Интернетӣ ниёзи бештар доранд. Бештари кормандони китобхонаҳо дар вақти суҳбат хоҳиш намуданд, ки баҳри пешрафти кори китобхонаҳо ёрии амалӣ-методӣ зиёд карда шавад.

Як ҳайат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарварии

Ахтари мусиқии тоҷик

Хоҳам эй, пардасози шоиста,
Парда то парда ҳамчу гулдаста.
З-устухони сафеди ман бошад,
Дастаи торат устухонбаста.

Чор мисраъ аз соядасти Бозор Собир ба ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Мурод. Ҷӯрабек Мурод касе нест, ки ба ошноӣ ниёз дошта бошад. Ин марди ҳунар муддати зиёд аз панҷоҳ сол аст, ки миёни мардум шуҳрат дорад ва имрӯз ҳам аз он

Маҳфили «Хандарез» бо иштироки гурўҳи «Ғарибшо компания»

Баъд аз зуҳри 18-уми августи соли равон  дар шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии   «Хандарез» баргузор гардид.
Меҳмонони маҳфил ҳунармандони гурўҳи «Ғарибшо Компания» бо ширкати Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов буданд.
Дар ин нишаст ҳунармандон аввал дар бораи худ, фаъолиятҳои эҷодӣ, роҳҳои расидан ба ташкили гуруҳ ва ғайра суҳбат карданд.

Рассоми халқии Тоҷикистон Сироҷиддин Нуриддинов

Нуриддинов Сироҷиддин соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Пас аз хатми омўзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муалимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ (ш. Душанбе) ҳамкорӣ дошт.

Санъати кандакориро мустақилона, аз рўи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков ва дигарон) омўхтааст. Асари нахустини вай намоя (панно), ки тасвири Айнӣ дорад, бо услуби дар чўб кандакорӣ кардани устоҳои ўротеппагӣ офарида шудааст.

Нуриддинов кандакори ҷўянда аст ва бо заҳмати мунтазам равиши эҷодии хос ба даст овардааст. Дар асарҳояш нақши

«Динкард» дар арафаи нашр

Китоби қадимии «Динкард» чорумин ҷилди силсилаи «Тоҷнома» аст, ки бо талоши донишманди маъруф Фарангис Шарифова рӯйи чоп дид.

Китоби «Динкард» маҷмўи қоидаҳои динӣ мебошад. Аз сабаби номаълум мондани баъзе наскҳои он дар ин ҷилд китобҳои сеюм, панҷум ва ҳафтуми «Динкард» ҷамъоварӣ ва таҳия шудаанд. Муқаддимаи китоб ба гирдоварандаи ин маҷмўа ва баргардонкунандаи матнҳо аз хати форсӣ, доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифова   тааллуқ дорад.

Китоби севуми «Динкард» дар бобати усул ва ақоиди зардуштӣ аз дидгоҳи калом ва фалсафа маълумот медиҳад. Дар ин қисмат доир ба рўзгори шахсиятҳои маъруфе аз қабили Каюмарсу Зардушту Фаридун низ сухан рафтааст.

Страницы