“Дил, руҳ ва инсон”-и донишманди маъруф Саидҷон Нодирӣ аз чоп баромад

Нашриёти «Донишварон» таҳти унвони «Дил, рўҳ ва инсон» рисолаи нави илмӣ-публитсистии Саидҷон Нодириро аз чоп баровард.
Рисолаи мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи пизишки маъруфи рўҳшиносу равоншифо, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мебошад, ки тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ бо табобати беморон солҳои тўлонӣ машғул аст.
Баъзе аз маводи ин рисола қаблан дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Русия ва Эрон интишор гардида, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бо хушнудӣ ва қадрдонӣ пазируфта шудааст.

Тафреҳ: Як ғазали дилчасп аз Хоҷа Ҳофиз

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯши валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дарафкан, ай соқӣ,
Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

Зи кӯи майкада баргаштаам зи роҳи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз.

Адиби лаҳистоние, ки дар бораи Тоҷикистон яке аз беҳтарин романҳои худро навишт

Коммунисти лаҳистонӣ ва марде, ки дар бораи Тоҷикистон як романи машҳури худро бахшид. Дӯстии хубе бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дошт. Аз ҷумлаи қурбониёни соли 1937 ва ба ҷурми сохтаву бофтаи фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ қатл шудааст.
Бруно Ясенский 17.7.1901 дар мавзеи Климонтови уезди Сандомир дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Нависандаи лаҳистонӣ ва рус. Соли 1922 донишгоҳи Краковро хатм кардааст.

Журналист, нависанда, вазир, пуштибони аҳли фарҳанг...

Яке аз муваффақтарин масъулони Ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар ҳар вазифае, ки фаъолият дошт, соҳа ба пешрафт ноил шуд. Бахусус, солҳои Истиқлолият, ки яке аз муҳимтарин соҳа: иттилоот ва фарҳангро сарварӣ мекард. Рушди санъату фарҳанги тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба номи ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад.

Сухане аз рўзгори шахсияти намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фарзанди асили Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, нависанда, академики Академияи байналмилалии иттилоотрасонӣ, узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон Бобохон Алиевич Маҳмадов.

Рафтани олим

Дар бораи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ, яке аз чеҳраҳои машҳури тибби мусоири тоҷик, аз ҷумлаи маъруфтаринҳо дар миёни олимони соҳа, роҳбари дисӯзу ободгар метавон хеле суханҳо гуфт. Ва дар мақолаи иқтибосшудаи зер ҳамаи хизматҳои олими барӯманд зикр шуда.
Устод Исҳоқӣ дар айни камолоти эҷодиву шӯру шавқи корӣ, ки метавонист ҳамроҳ бо даҳҳо шогирдону ҳамсафонаш барои рушди илми Тоҷикистони соҳибистиқлол корҳои шоиста анҷом диҳад, аз ҷониби душманону хоинони миллат ба қатл расонда шуд. Рафтани нобаҳангом ва фоҷеавии олими барӯманд зарбаи мудҳиш ва

Шоире бо як кӯлвор ашъори ҳаҷву танз

Басир Расо аз ҷумлаи касонест, ки дар сурудани ашъори ҳаҷвӣ маъруфияти хос пайдо кардааст. Ҳарчанд дар шеъри лирикиву иҷтимоӣ низ муваффақ буд, ғазал ҳам гуфтаву рубоӣ ҳам.
Ва ҷолибтар аз ҳама: муддати 54 сол дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор кард ва аз ин 46 солаш сардабири ин маҷаллаи танзу ҳаҷв буд.

Шоири тоҷик Басир  Расо соли  1931  дар  деҳаи Водхуди  ноҳияи  Ванҷ  ба  дунё  омадааст.  Аз  соли  1963  аъзои

Страницы