Пиримқул Сатторӣ аз ҷумлаи шоирони навгӯ буд. Кори рӯзноманигорӣ мекард. Аз журналистони матраҳи Қурғонтеппа маҳсуб мешуд. Ҳадафи тири душманони истиқлолияти кишвар шуд ва дар синни 55-солагӣ кушта гардид.
Пиримқул Сатторӣ 1-уми августи соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон ба дунё омадааст.
Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанберо хатм карда аст. Ходими рўзномаҳои ноҳияи «Вахш» ва «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» будааст.
Шеърҳояш дар маҷмўаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Марде бо сурати сирати дарвешнамо, мӯй ва риши дароз, қомати баланд, вале сархам дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор мекард. Ҳамеша ӯро ғарқи дарёи андеша медиданд. Марде мерафт дар ҷодаҳо, ки ғарқоби андешаҳои худ ва мегуфтӣ ба ин дунё ва ин одамон ӯ коре надорад ва дар як дунёи дигари андешаҳо ғӯтавар аст.
Ва чунин ҳам буд. Вай дар ҳамон оламе ва бо ҳамон одамоне мезист, ки асрори эҷодашонро мавриди таҳқиқу таҳлил ва пажуҳиш қарор дода буд. Аз Рӯдакӣ то Турсунзода.
Алиқул Девонақулов донишманди пуркору заковатманд буда,
Имрӯз қабл аз зӯҳр дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии муштарак доир шуд ва ширкаткунандагонаш дар бораи 10 соли Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд ва дар бораи зуҳуроти дигари ҷомеа – тақлид ба либоси бегонагон изҳори назар намуданд. Дар ин вохӯрӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Шуъбаи соядастҳои китобхонаи марказии шаҳри Норак дорои 25714 нусха китоби туҳфашуда мебошад, ки аз 46 мамлакати олам бо 66 забон ворид шудааст. Дар китобхона аз адабиёти давлатҳои бузург, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҳиндустон, Сурия, Фаронса, Юнон, Итолиё, Афғонистон, Покистон, Чин, Украина, Белорус,
“Асирӣ марди қаландармиҷозу озодтабъ буд. Хушомадгӯӣ ва мудоҳанаро намедонист. Аз риёву нифоқ мутанаффир ва аз тамаъ борӣ буд. Бо вуҷуди соҳиби илму камол будан, мансабҳои илмиро қабул накард, ба сангиосиёбтарошӣ таъмини маишат менамуд. Ба адабиёти ҷадида моил ва ба хубиҳои услуби ҷадида қоил буд. Дар бораи мактаби ҷадида ба илтимоси фақир шеъре гуфта буд...”
Дар бораи ин марди хирад хеле метавон зиёд навишт. Ҳарчанд гузаштаи ӯ пурра таҳқиқ нашудааст, вале
Саидризо Ализода 27-уми июли соли 1887 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи косиби шоҳибоф ба дунё омад. Ў бо ғамхории падар бо роҳу василаҳои гуногун савод баровард. Дар давоми 13 сол ҳамроҳи падараш ба сифати шогирд дар корхонаи бофандагӣ кор ва пайваста худомўзӣ кард. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифта, баъдан дар мактаби ҷадид, ки дар оғози асри 20 таъсис ёфта буд, таҳсил кард. Муаллими мактаби ҷадид, ҳуруфчин ва мусаҳҳеҳи бахши тоҷикии нашрияҳои М. Беҳбудӣ «Самарқанд» ва «Оина»
