Саҳифае аз таърих: «Қонуни забон» рисолати худро иҷро кард

Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта

Баҳси масоили ҳуқуқии танзим дар нишасти имрӯзаи Китобхонаи миллӣ

Масоили ҳуқуқӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии ТоҷиситонДар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз коршиносон ва кормандону масъулини Китобхонаи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нишасти мазкур, ки дар толори “Ошёни булбулон” баргузор шуд, бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи

Об барои рушди устувор

Дар толори хониши кӯдакону наврасон чорабиние баргузор шуд, ки  ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028”  бахшида шуда буд.

Тоҷикистон ташаббускори чандин барномаҳои байналмилалӣ оид ба об аст. Тавре Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ зикр кард,  об  сарчашмаи асосии тамоми мавҷудоти зиндаи рўи олам

Се истгоҳи Пайванд

Дирӯз, 20-уми июл зодрӯзи устод Пайванди Гулмуродзода-муҳаққиқи борикназари таърихи журналистика, пажуҳишгари муваффақ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва пири даҳҳо тан аз рӯзноманигрони шинохтаи кишвар буд. Ва ҳар сол дар ин рӯз аз ӯ ёд мекунем, инсони шариф ва фарде, ки ба дилҳо ҷо дорад, ҳатто баъди марг бо ёдҳои гиромиаш дар меҳвари суҳбатҳои мо қарор мегирад.  
Дар зер ёдномае дорем, ки рӯзи ҷанозаи устод навишта шудааст. Хостам чизи дигар нависам, вале вақте ин сӯгномаро хондам, дидам, ки наметавонам ба он чизи дигар илова кунам.

Ёди устод Пайванд ба хайр!

Ҳаштодупанҷ соли профессор Асадулло Сўфизода

Имсол устод Асадулло Сӯфизода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 85-умин солгарди баҳори умрашро ҷашн гирифт. Устод Сӯфизода аз ҷумлаи фолклоршиносони маъруфи кишвар, муаллифи садҳо мақола, даҳҳо китоб дар бораи эҷдоиёти шифоҳии мардум аст. Муҳимтар аз ҳама устоди садҳо шогирдоне мебошад, ки имрӯз дар гӯшаву канори хоки кишвар саргарми таълиму тадриси насли наврасанд.

Профессор Асадулло Сўфизода 20 марти соли 1932 дар деҳаи

Ҳасани Деҳлавӣ – яке аз бузургтарин шоирони порсигӯи Ҳиндустон

Сад нома навиштему ҷавобе нанавиштанд,
Ин ҳам, ки ҷавобе нанавиштанд, ҷавоб аст.

Ҳасани Деҳлавӣ - Саъдии Ҳиндустон - аз шоирони бузурги порсигӯи Ҳиндустон дар қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрӣ, ҳамзамон ва ҳамнишин, дӯст ва мусоҳиби ҳамешагии Амир Хусрави Деҳлавист.
Дар ин давра буда, ки бар асари  ҳамлаи муғул иддаи касире аз донишмандону олимони дин ва суфиёну адибон ва шоирони эронинажод ба шимоли Ҳиндустон паноҳанда

Страницы