Саҳифае аз таърих: «Қонуни забон» рисолати худро иҷро кард
Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он, ки ин аввалин қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт.
Таърих ва фарҳанги миллати бостонии мо ба забони модарӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне забон аст, ки тавассути он халқ ва миллати кўҳанбунёди тоҷик таърих ва фарҳанги худро ба ҷаҳониён расондааст. Забон ҳамзамон бо пайдоиши инсоният ба вуҷуд омада, на танҳо василаи муошират ва алоқаи байни инсонҳо, балки воситаи баёни тафаккуру андеша ва абзори ифодаи фарҳангу таҷрибаи инсоният, ки дар садаҳои тўлонӣ ҷамъ овардааст, маҳсуб мешавад. Забон таҷассумгари тарзи ҳаёт, расму русум, анъана ва дониши гузаштагон барои имрўзиён аст. Бинобар ин, забон дар раванди бунёди давлати миллӣ ҳамчун унсур ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ҳалкунанда ва сарнавиштсоз дорад. Забон дар маҷмўъ ба тамоми миллат тааллуқ дошта, хусусияти синфиву гурўҳӣ надорад.
Аз давраҳои пурошўбу пурмоҷарои таърихи халқи тоҷик медонем, ки забони мо дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами ягонаи муборизони роҳи озодӣ ва истиқлоли ватани мо будааст. Аз ҷумла, халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурўъ карда буд. Ва бояд зикр кард, ки Қонуни забон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид.
Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кўшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт» (Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) // Ҷумҳурият, 23 майи соли 1998).
Сайъю талоши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун овардани забони тоҷикӣ бо шурўи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ ҳаракат ва наҳзати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX, аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзўъ дар матбуоти кишвар сар зад (Дузабонӣ талаби ҷомеа аст // Мақолаи дастҷамъонаи устодони Институти педагогии шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров) // Газетаи «Муаллимон», 19 майи соли 1987). Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шўрои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омўзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар бораи густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рўзи қабули қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шўрои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон – тоҷикӣ, русӣ, ўзбекӣ (№142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Дар ин муддат коргузории органҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ гузаронида мешавад» (Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон, Душанбе, 1989, саҳ 13). Минбаъд то тағийру дароз кардани иҷрои баъзе бандҳои қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон» он як ҳуҷҷати расмӣ барои таъмин намудани иҷрои Қонуни забон ва густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар ин тадбирҳо чораҳои ба зергурўҳҳо тақсим кардани гурўҳҳои таълимӣ, ки шумораи таълимгирандагони онҳо аз 25 нафар зиёд буданд, ҷорӣ намудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбия кардани тарҷумонҳо, чопи дастуру фарҳангномаҳо ба забони тоҷикӣ ва як силсила тадбирҳои дигар пешбинӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар муддати солҳои 1989 аввали соли 1992 барои татбиқи қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон» корҳои зиёде амалӣ гардид, вале бо муташанниҷ гардидани вазъи ҷумҳурӣ ва сар задании ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷрои ин қонун ба таъхир афтод ва ҳатто дар солҳои баъдӣ пасравӣ аз иҷрои он кам кардани соатҳои дарси забони тоҷикӣ, бастани маҳфилҳои забономўзӣ, бештар шудани истифодаи забони русӣ дар коргузории расмӣ ва ғ. мушоҳида гардид. Бо оғоз шудани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва муташанниҷ гардидани вазъияти ҷумҳурӣ марҳилаи аввали татбиқи Қонуни забон ва инкишофу густариши забони тоҷикӣ ба охир мерасад.
Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он, ки ин аввалин қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони ўзбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, қарору қонунҳое, ки Шўрои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд. Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳимми нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳиму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд. Албатта, дар ҳамон давра, қабули Қонуни забон барои ҷомеаи мо қадаме ба пеш буд. Мардуми Тоҷикистон бо шўру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, бо ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим «Бунёди забон» таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономўзӣ ташкил карда шуд. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шўрои Олӣ «Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон» ба имзо расид (Ниг. Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон» // Ҷумҳурият, 16 июли соли 1994).
Баъд аз ба андозае мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Қонуни забон ва рушди густариши забони тоҷикӣ ба иқдому чорабиниҳои ҷиддӣ пардохт. Пеш аз ҳама бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 муддати давраи гузаришро дар татбиқи Қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар шуда буд, то моҳи декабри соли 1999 тамдид намуд. Дар асоси ин Қарори Шўрои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23-юми феврали соли 1996 ба Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989 № 142 тағйиру иловаҳо ворид намуд. Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар ин бора 2 июни соли 1997 таҳти №256 қарори махсус қабул гардид. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳури Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 таҳти № 459 қабул гардид. Имлои нави забони тоҷикӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 таҳти №355 тасдиқ гардид.
Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем, дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шурўъ карда ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан қабули оинномаҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳамияти калоне доштанд. Инчунин сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рў ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ гузарониданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии хеш ба муносибати Рўзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ намуд: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳилаи кўтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд» (Номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи забон // Ҷумҳурият, 24 июли соли 2003).
Нимаи дувуми солҳои 2000-2010 дар таърихи рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол шояд аз солҳои пурсамартарини инкишофи забони давлатӣ бошад. Агар ба таври мухтасар ба ин давра равшанӣ андозем, метавон гуфт, ки ин солҳо солҳои таҳкими раванди густариши забони модарии мо дар маснади забони давлатӣ мебошад.
Минбаъд барои рушду такомули забони тоҷикӣ дар назди муҳаққиқон як силсила вазифаҳои ниҳоят муҳим, таҳияи «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рўдакӣ», ки ду китоби он соли 2008 чоп шуд, гузошта шуд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардид, ки чанд ҷилди аввали он соли 2011 ба чоп расид. Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуд ва якҷо бо 1150-солагии устод Рўдакӣ дар саросари кишвар таҷлил гардид. Татбиқи тамоми ин тадбиру чорабиниҳо ва рушду густариши бемайлони забони давлатӣ дар ҷомеа зарурати бозбинии ҷадиди куллиеро дар самти дурнамои инкишофи забон ва қабули қонуни нави забон ба вуҷуд овард. Пешвои миллат аҳамияти таърихии ин қонунро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъкид намуда, зарурати пешниҳоди лоиҳаи навро зарур донист ва ҳадафу мақсади қабули онро низ ба таври возеҳ зикр намуд: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шўравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрўз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгў нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст…» (Ҷомеа ва рисолати зиёӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар // Ҷумҳурият, 21 марти соли 2009).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард. Лоиҳаи нави қонун, тибқи натиҷагирии мо, яке аз қонунҳои муосири сатҳи байналмилалӣ маҳсуб мешавад, зеро зимни таҳияи он аз мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои ҷаҳон – ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ баҳрабардорӣ сурат гирифтааст. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор дорад, барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ роҳи васее боз аст.
Сайфиддин Назарзода,
директори Китобхонаи
миллии Тоҷикистон