Соли 2015 аз назари ҳамкорон

Инак, сол ба охир мерасад.
Боз чанд соати дигар ва зангулаи вақт аз поёни як соли умри башар садо мезанад.
Соле, ки на танҳо умрҳоро бо худ мебарад, балки комёбиву дасовардҳоро низ ба худ мебарад ва дар ин баробар нокомиҳоро низ. Чӣ илоҷ, инсон ҳамеша комраво нест, гоҳе мешавад, ки ноком аст. Вале нокомӣ дар партави комёбиҳо сояи худро гум мекунад. Ин аст, ки дар поёни сол ва остонаи вуруди Соли нав ҳама бо сипосу қадрдонӣ ҳамдигарро муборакбод мекунад.
Дар остонаи вуруди Соли нав мо низ талош кардем бо як суол ба чанде аз ҳамкоронамон аз Китобхонаи милии Тоҷикистон муроҷиат кунем:
СОЛЕ, КИ МЕГУЗАРАД, БАРОИ ШУМО ЧӢ СОЛЕ БУД?
Ва посухҳои гуногунро ҳам дарёфт кардем, ки ҳоло ин ҷо мегузорем, то бо ҳам бихонем. Ва ҳамагон ба табрикоти онҳо низ шарикем:

СОЛИ НАВ БАРОЯТОН МУБОРАК БОШАД!!!

Салима Раҷабова,
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ

     Соле, ки мегузарад, бароям соли хушу соли фараҳ буд. Соли мубораку хуҷаста буд.
     Дар ин сол ман бори аввал пурра дарк кардам, ки роҳбар будан чӣ масъулияти сангин аст. Дар ин сол Китобхонаи миллӣ ба як дарвозаи бози чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ табдил ёфт. Шояд ҳафтае набуд, ки мо ду ё се чорабинӣ надошта бошем. Ҳафтае набуд, ки аз афзудани сафи аъзои Китобхона иттилоъ нарасида бошад.
     Хуб аст ва хуш омаданд ҳамаи онҳое, ки бори аввал ба ин даргоҳ қадам ранҷа карданд ва аз он дониш омӯхтанд, дунё-дунё маърифат гирифтанд.
     Соле буд, ки ба ҳамкорон чун роҳбар муносибат мекардам. Ин ҳам хеле вазнин буд.  Зеро роҳбарӣ худ масъулияти азим аст.
     Дар ин як сол хеле мушкилоте буд, ки ба ҳамдастии якдигар роҳи ҳаллашро пайдо кардем. Гоҳ вориди навоҳии вилояти Суғд шудем, гоҳи дигар ба Хатлону Бадахшон рафтем, то аз ҳоли китобу китобхона дар ин манотиқ бохабар шавем. Мо вазъро омӯхтем, барои рафъи камбудиҳҳо пешниҳодоти худро ироа кардем. То ҷойе мушкил ҳал шуд, аммо баъзе мушкилот ба Соли нав интиқол ёфт.  
     Ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳамкорони арҷманд, ҳамаи дӯстони дуру наздик ва ҳамаи ҳамкасбонро ба муносибати фарорасии Соли нави 2016 муборакбод мекунам ва барояшон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
     Соли наватон муборак!

Сардори шўъбаи  абонементи
 байни   китобхонаҳои  КМТ

 
                   Шукрона аз он дорам,ки новобаста  аз бўҳрони  сиёсиву иқтисодӣ  дар тамоми олам  Тоҷикистони азизи ман дар соли сипаришуда  ором буд. Мудоме , ки сулҳу осоиштагӣ  дар кишвар фароҳам бошад,  албатта дар  ҳаёти оилавӣ ва  дар ҷои кор пешравиҳо ба вуҷуд меоянд.
                   Шодам аз он , ки дар соли 2015 китобхонаи дўстдоштатарини ман  Китобхонаи миллии  Тоҷикистон  дар ҳамаи  ҷодаҳо ба пеш рафтааст ва муштариёне ,ки рўз аз рўз зиёд шуда истодаанд,   аз хизматрасонии кормандон қаноатманданд.
                   Дар ҳаёти оилавӣ  ман яке аз бонувони  хушбахти Тоҷикистон худамро меҳисобам. Ба ҳамаи занон  хушбахтиро  таманно мекунам. Лекин  бонувони мўҳтарам дар хотир дошта бошед, ки оромии оила бештар аз зан вобастагӣ дорад.
                   Дар соли сипаришуда писарамон Фирўзҷонро ханадор кардем, ки хурсандии мо интиҳо надорад, чунки боз як инсони хуб аъзои оилаи мо шуд, ки ҳамчун духтар қабул кардем.
                   Чуноне, ки дар урфият мегўянд зиндагӣ пасту баландиҳо  ва нишебу фарохиҳо дорад. Худои Таъоло якеро ба дунё меовараду дигареро ба охират  гусел менамояд. Дар соли 2015  мўҷизаи бебаҳотаринамон – Модарҷонамон  ин дунёро падруд гуфтанд. Ин талафоти  хело ҳам  калон дар ҳар як хонадон аст. Ман худамро бо чунин  мисраҳо тасалло  медиҳам:
               Ман намегўям, ки ў аз дори дунё рафтааст,
               Чои ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
            Бо ҳамаи  талхву шириниҳо зиндагӣ азизу гуворо аст. Ба ҳамаи ҳамватанон, хешу таборон, ҳамкорон ва дўстони дуру наздикам дар соли нави 2016  тансиҳатӣ, хотири  ҷам, бурдбориҳо ва давлати пояндаро орзу менамоям!


Арафамоҳ Одинаева   
Сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ

 Соли  2015 бо ҳама бурду бохташ барои ман соли хотирмон ва пурфайзу бобаракат буд. Дар соли 2015 ба ман муясар шуд, ки ба вохурии Ҷаноби Олӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мушараф гардам.
Дар ин сол шуъбаи адабиёти хориҷӣ тавонист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо намоишҳои китоб дар арсаи ҷаҳон муарифӣ намояд.
Аз фурсати муносиб  истифода бурда томоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 табрик ва таҳният намуда, ба онҳо пеш аз ҳама саломатӣ ва дар корҳои пешистодаашон бурбориҳо тамано дорам.

Алишери Муҳаммадӣ,
сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»

  Соли гузаштаро ман дар вазифаи сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз кардам. Ба ин вазифа таъйин гардиданамро дар арафаи соли нав ифтихори бузург ва фоли нек донистам, зеро бароям шароит фароҳам омад, ки дар анҷоми корҳои бузургу назаррас дар самти фарҳангу маънавиёти миллат саҳме гузошта бошам.
Албатта, ба хубӣ дарк мекардам, ки дар баробари ифтихору имкониятҳои барои ман фароҳамомада, бар дўшам боз масъулияти ҷиддӣ низ вогузор гардидааст. Аз ин рў, маҷбур будам, ки тамоми нақшаҳои шахсии худро ба нақшаи кории Марказ тобеъ созам.
Якҷоя бо кормандони Марказ, ки шумораашон чандон зиёд нест, заҳмат кашидем, то уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи хударо сари вақт амалӣ намоем.
 Акнун, ки дар анҷоми соли равон қарор дорем, ба қафо менигарам ва мебинам, ки заҳматҳои якҷояи мо самараи хуб додааст. Яъне, имсол мо тавонистем, ки шаш ҷилди дигари силсилакитоби бонуфуз – «Тоҷнома»-ро барои нашр омода созем.
Дар ин баробар тавонистам мусаввадаи рисолаи номзадии худро, ки чандин сол тўл кашида буд, имсол ба анҷом расонам.
Бо ҳама шодию хурсандӣ, муваффақияту нокомӣ, саҳлу душвориҳо боз ҳам соли гузашта як саҳифаи рангини рўзгори ман буд, ки аз омаданаш фараҳманду аз рафтанаш сахт маҳзунам.
 (раси китобҳо)

Ҳокимҷон Маҳмадҷонов,
Сардори Маркази такмили ихтисоси
Китобхонаи миллӣ

 
Маркази такмили ихтисос воҳиди сохтории муассисаи давлатии Китобхонаи милли Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти  Марказ дар асоси нақшаи корӣ, ки онро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  тасдиқ намудааст, аз 1-уми апрели соли 2012 фаъолияташро  оғоз намуд:
 Имсол чандин давраҳои омғзишӣ барои кормандони Китобзхонаи миллӣ ва китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар доштем, ки гумон мекунам натиҷаи хуб доданд. Умуман дар давоми фаъолияти хеш Марказ 15-курси омўзиши «Донишҳои китобдорӣ ва библиографӣ»,  16-курси омўзиши «Донишҳои конпютерӣ» 10- маротиба семинарҳои илмӣ  амалии тахассусӣ ташкил карда гузаронида шудааст.
Инчунин зиёда 1200 нафар  донишҷўёни коллеҷу литсей ва Донишкадаю  Донишгоҳои мамлакат  дар Китобхонаи миллӣ мувофиқи роҳхат  ва барномаи  таҷрибаомўзиашон  таҷриба омўхтанд.
    Бурдбории Марказ дар соли сипаришудаи 2015  аз он иборат аст, ки нисбат ба солҳои пешина, аз тарафи раёсати Китобхона  бо маводҳои зарурӣ  ва технологияи муосир  таъмин карда шуда, шумораи курсҳо  ва сифати  таълим хело зиёд ва баланд бардошта шуд.

  
Муҳаммадиқбол Атозода,
Сардори шуъбаи матбуоти даврии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

  Зиндагии шахсии ман бо фаъолияти кориям тавъам гардидааст ва наметавонам ин дуро аз ҳам ҷудо намоям. Барои ҳамин метавонам соли 2015-ро ҳам барои худам ва ҳам барои шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли пурзаҳмат ва пурмаҳсул баҳогузорӣ кунам. Зеро дар соли 2015 дар ҳамаи самтҳои фаъолияти шуъбаи матбуоти даврӣ дастовард ва муваффақиятҳо намоён буданд.
Агар як маротиба ҳисоботи соли 2014 ва ҷамбасти соли 2015-ро ба ҳам муқоиса намоед худ ба натиҷае ноил мегардед, ки дар шуъба чӣ корҳое амалӣ шудаанд. Барои мисол метавонам аз тарҷума ва баргардони рўзномаи «Бухорои шариф» ёдовар шавам, зеро дар соли 2015 мо тавонистем  50 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикии Осиёи марказиро бо ҳуруфоти сирилик баргардон намоем. Ва ё кор дар самти Донишномаи матбуоти тоҷик, ки бори аввал ба шакли мукаммал дар Тоҷикистон таҳия мегардад аз ҷониби шуъбаи мо иқдом шуда буд ва алакай маълумоти инсиклопедии зиёда аз 100 номгўи рўзномаву маҷаллаҳо омода шудааст ва кор дар ин самт ҷараён дорад.
Ин нишондодҳоро метавон дар самти хизматрасонӣ ба муштариён, таъмиру тармими рўзномаҳои даврӣ, пуррагардонии фонд, ташхиси фонд ва баҳисобгирии рақамии рўзномаҳо низ мушоҳида кард.
Барои ҳамин соли 2015 ҳам барои ман ва ҳам барои шуъбаи матбуоти даврӣ соли пурбарор ва муваффақиятҳо буд.
Соли 2016 барои ҳамаи мову шумо муборак бошад!

Манзура Назарова,
сармутахасиси шуъбаи адабиёти хориҷӣ

    Мудати 4 – сол мешавад дар ҳамин шуъба кору фаъолият намуда истодаам.   Рости соле , ки сипарӣ гардид, аз худ бароям хотираҳои хуб боқӣ нагузошт. Зеро дар ин сол ду шахси азизам, яке қиблагоҳам  падару ғамхорам мушфиқам ва дигар бародари мехрубон ва ба ҷон баробарамро аз даст додам.
Аз ин хотир аз ин сол чизе бароям чун хотираи нек боқӣ намондааст.
Орзу дорам соли оянда соли хубу бобарор ва хотирмон барои банда ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҷалолиддин Нуров,
Сардори шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабинҳои фарҳангии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
             

  Соли 2015 барои ман соли фаромушнашаванда буд, зеро ман 1 октябри соли номбурда, фаъолиятамро ҳамчун Сардори шуъбаи тарғиб ва баргузори чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикисон оғоз намудам.
Бо ташабуси шуъба дар соли 2015 чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона меравем» доир гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 400 нафар донишҷуён Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷалб гардиданд.
Хуллас, соли 2015 дар хотири ман ҳамчун соли бобарор  ва созандаю тақдирсоз нақши худро гузошт. Ман кулли ҳамватанонамро ба соли нави мелодии 2016 табрику муборакбод намуда, барояшон комёбию сарбаландиро таманно мекунам. Ҳамзамон аз кулли сокинони кишвар даъват ба амал меорам, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ин боргоҳи маърифат, махзани илму дониш  хуб истифода намоянд.
Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

Фотима Ёқубова,
Мудири Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ


  Соли хубе буд. Дар ҳаёти хонаводагӣ тақрибан навигарӣ надорам. Ҳаёти маъмулӣ.
Дар кор аз Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба Шуъбаи хизматрасонии махсус гузаштам.
Талош кардам дар баргузории чанд маҳфили хуб ва шавқовар муваффақ шавам. То куҷо муваффақ шудам, инро бигзор хонандагон баҳо диҳанд. Вале медонам, ки мулоқот бо адибони шинохта Кароматуллоҳи Мирзо, Саттор Турсун ва Гулрухсор хеле хотирмон буданд. Шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро имкон додем, ки бо адибони дӯстдоштаи худ дидор кунанд, аз онҳо пурсанд, аз файзи суҳбаташон баҳра бардоранд.
Ва боз маҳфилу чорабиниҳои дигар доштем ва нақшаҳои зиёде дар Соли нав тарҳрезӣ кардем. Бо кумаки Худованд, дастгирии роҳбарият ва кормандони шуъба марҳила ба марҳила он нақшаҳро амалӣ хоҳем кард.
Соли нав барои ҳамаи азизон муборак бошад!

Абубакр  Аминов
Сардори шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ


  Лаҳзаҳои хотирмони соли 2015 барои ман зиёданд. Вақте бори нахуст дар ин вазифа ба фаъолият оғоз кардам, гумон надоштам, ки рӯ ба рӯ суҳбат кардан бо хонанда мушкил аст. Инро як кори оддиву осон мепиндоштам. Вале баъдан дарк кардам, ки иштибоҳ намудаам. Мулоқот бо хонанда ҳам аз инсон таҷрибаву малака мехоҳад, зеро дар ҳар вохӯрӣ хонандае, ки нав по ба остонаи Китобхона гузоштааст, даҳҳо савол медиҳад, ки бе ягон мушкилӣ бояд ба он ҷавоби дурусту саҳеҳ дод.  
 Ҳаёти кории ман ба куллӣ дар Китобхона аз замин то осмон фарқ дошт. Мисолаш ин аст, ки дар ин боргоҳи маърифат ҳангоми баргузории чорабиниҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ мо бо шахсиятҳои гуногуни фарҳангиву сиёсии кишвар ва олам шинос мешудем. Аз сӯйе ин ифтихор буд, аз ҷониби дигар масъулият дошт. Чун мо муассисаеро намояндагӣ мекунем, ки Китобхонаи миллӣ ном дорад ва бояд дар мулоқотҳо сатҳи баланди фарҳангу маърифатро нишон медодем.
Дар ин сол мо якҷо бо кормандони шуъба дастурҳои тавсиявӣ ҳам омода кардем, ки барои хонанда ва худи кормандон зарур буд.
Як чорабинии хотирмон Рӯзи дарҳои боз аст, ки ҳамасола баргузор мешавад ва дар ин рӯз на яку ду, балки садҳову ҳазорон нафар вориди Китобхонаи миллӣ мешаванд ва бо он аз наздик ошно мегарданд. Ва ман шод будам, ки ин чорабиниро дар ин шакл пешниҳод кардам ва он имрӯз барои ҳамагон писанд ва мақбул аст.
Имсол мо Рӯзи китобро се рӯз давомдор ҷашн гирифтем ва хушам, ки аз ҷониби роҳбарияти Китобхона ва ҳам аз ҷониби ҳаводорони китоб ба хушӣ пазируфта шуд.  
Имсол ман ҳисс кардам, ки ҳамаи кормандони шуъбаҳои Китобхона дар мавриди зарурат зуд ба ёрии ҳамдигар мешитобанд ва миёни чорабиниҳо фарқ намегузоранд ва чорабиние, ки як шуъба мегузаронад, чун чорабинии ҳамаи китобхона қабул мекунанд ва ин хеле хуб аст.
Аз корам дар соли 2015 қаноатмандам ва гумон мекунам соли 2016, ки дар остонаи вуруди он қарор дорем, соли беҳтар аз ин хоҳад буд.  
Ба ҳамаи ҳамкорони арҷмандам, ба ҳамкасбон, пайвандон ва дӯстони дуру наздикам ва ба кулли сокинони кишвари азизам Соли Нави милодии 2016-ро муборакбод мекунад.  

Малика Расулова,
Сардори Шуъбаи хизматрасонӣ
ба муштариёни Китобхонаи миллӣ

      
         Соле, ки сипарӣ мегардад, барои ман соли фаромушнашаванда буд. Чунки, маҳз дар ҳамин сол баъди фаъолияти 19- солаам дар ҳамин соҳа маро Роҳбарияти Китобхона сардори шуъбаи  калонтарин ва сермасъулияттарин - шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён таъин намуданд.
Аз оғози фаъолияти роҳбариям барои беҳтар гаштани кори  шуъба пайваста саъю кушиш ба харҷ дода истодам. Дар ҳамин сол бо ҷамъи ҳамкоронамон як қатор чорабиниҳо гузаронидем. Ва инчунин шуъбаи мазкур сазовори  Ифтихорнома гардид.
       Фарорасии соли нави мелодиро пеш аз ҳама ба кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми сарбаланди  Тоҷикистон муборакбод гуфта  дар ҳайёти шахсӣ ва фаъолияти кориашон бурбориҳои беназиро таманно дорам

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
Сардори Шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар


         Соли сипаригардида барои ман соли хубу бобарор буд. Зеро мо тавонистем дар фазои сулҳу ваҳдат орзую умеди худро амалӣ намуда, фаъолияти кории худро хубтару беҳтар намоем. Бояд қайд кард ки дар соли сипаригашта муваффақиятҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, банда бо маслиҳату кӯмаки устодон тавонистам чанд мақолаи илмӣ таълиф намоям, ки ин барои ман як дастоварди хеле хуб аст. Шукронаи офаридгор дар самти фаъолияти корӣ ва ҳаёти шахсии ман низ дастовардҳо хеле хубу назаррасанд.
Орзу мекунем, ки соли 2016 барои хонандагони Китобхонаи миллӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон соли пурфайзу бобаракат бошад ва умед дорам, ки дар соли нав ҷавонони тоҷик бо ташрифи бештари худ Китобхонаи миллиро пурнуру зеботар гардонанд!
      Соли нави мелодиро ба дӯстону ҳамкорон,  хонандагон ва кулли мардуми фарҳангпарвару адабдӯстӣ тоҷик муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша сарбаланду тансиҳат ва хонаобод бошанд!

 

Барчаспҳо: