Арзи сипоси Кумитаи занон ва оила ба муовини Директори Китобхонаи миллӣ

Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова бо сипономаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ  дар  Конфронси 4-уми илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм», ки ба рўзи байналмилалии бонувон бахшида шуда буд, ширкат кард ва дар мавзуъи «Саҳми бонувони тоҷик дар рушди соҳаи китобдорӣ» маъруза намуд.
Дар поёни Конфронс, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидматҳои шоён дар тараққиёти илму маорифи кишвар ва барои нақши назаррас дар баргузории чорумин конфронси илмӣ –амалии «Саҳми занон дар рушди илм» бахшида ба 20
–умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуд.

Барчаспҳо: