Баҳси масоили ҳуқуқии танзим дар нишасти имрӯзаи Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-07-22 17:28
Масоили ҳуқуқӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиситон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз коршиносон ва кормандону масъулини Китобхонаи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нишасти мазкур, ки дар толори “Ошёни булбулон” баргузор шуд, бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки ташаббускори қабули ин қонун Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Гадобек Маҳмудов ҳамчунин гуфт, ки даҳ соли сипаришуда нишон тод, ки ин қонун як рӯйдоди таърихӣ дар истиқлолияти кишвар буд ва қабул ва татбиқи амалии он натиҷаҳои мусбатеро дар зиндагии мардум ба бор овард.
Нигина Ризоева, сармутахассиси Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи танзими ҷашну анъанаю маъракаҳо сухан ронда гуфт: “Агар бурди асосии дастовардҳои 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҳифзи истиқлолияту ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ бошад, мо метавонем қайд намоем, ки баъдаш ин қабули Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ буд. Ҳамагон медонанд, ки ҳадафи асосии қабули қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ буд. Биёед як бор ба ёд оред, маъракаҳое, ки 10 сол қабл гузаронида мешуд, чӣ гуна буданд? Қаблан мо маъракаҳое доштем, ки на ба дини мубини ислом рост меомаданду на ба урфу одатҳои мардуми мо мувофиқ буданд. Чунки маъракаҳои қаблии мо ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо давом мекард. Хусусан, занҳо дар ҳини тую маъракаҳошон истироҳат надоштанд. Занони мо бо гуселу рафти меҳмонон андармон буданд. Гумон мекунам, онҳо мазаи тӯйро, чӣ гуна гузаштани туйро ҳам намедиданду хурсандии хешро дар тӯй намефаҳмиданд. Имрӯз бошад тую маъракаҳои мо дар доираи қонуни танзим барпо мегардад, ки ин як сабукӣ ба оилааву чамъият ва давлат мебошад”.
Муовини Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Аббосалӣ Давлатов атрофи Қонуни танзим андешаҳои худро иброз дошт ва гуфт, ки ин қонун дастовардҳои зиёд дорад ва тӯли даҳ соли гузашта нишон дод, ки ҷомеа ба чунин иқдом ниёз дошт.
Ёдовар мешавем, ки 11 уми июли соли равон Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте бо фаъолони ҷомеа даҳ соли қабули қонуни танзимро таҳлил кард ва бурду бохти онро нишон дод.
Фарзонаи МИРЗО