ПАҲН ( پهن )

Ахиран иштибоҳи дигаре ба назар мерасад, ки баръакс "паҳн"-ро ба ҷойи феъл ё исми ифодакунандаи феъл ба кор мебаранд. Хабаргузор мегӯяд: "Нашру паҳни ин китоб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зарур аст". Зоҳиран, дар ин ҷумла шояд ба хотири "тоҷикитар" кардани баён калимаи "пахш"-ро, ки дар зоти худ феъл аст ва маънои "паҳн кардан"-ро ҳам медиҳад, бо "паҳн" иваз кардаанд, ки аслан раво нест. Зимнан, худи калимаи "нашр (кардан)" маънои "паҳн кардан" ва "пахш"-ро дорад. Бинобар ин мегӯянд "табъу нашр", ки дар ин таркиб "табъ" чоп аст ва "нашр" паҳн кардани осори чопшуда. Гунаи дигари ин калима, ки тафсилитар аст, "интишор" мебошад.

Ин калимаи асилу қадими тоҷикӣ ҳамон маъноро медиҳад, ки калимаҳои дигари тоҷикии фарох, густарда ва арабии васеъ доранд. Албатта ба далели хосийяти баён ҳар кадоме аз ин калимаҳо ҷойи худро дорад ва на ҳамеша метавонанд ҷойгузини якдигар шаванд, ба ҷуз баъзе мавридҳо. Масалан, Дасторхон густурдан ва дасторхон паҳн кардан.
Мавриди таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар корбурди ин калима ва гунаҳои он иштибоҳоте дар забони мо роиҷ гардидааст ва зиёд ба чашму гӯш мерасад. Аз ҷумла сохтаи дигаре аз ин калимаро, ки "паҳно" (паҳна) мебошад ва исми маънӣ буда ба суоли "чӣ?" ҷавоб мешавад, ба ҷойи "паҳн" (сифат) ба кор мебаранд. Масалан мегӯянд, "замини паҳно" ба ҷойи "замини паҳновар", "замини бопаҳно", "фарох" ва ғ. Яъне исмро ба ҷойи сифат ба кор мегиранд.
Ахиран иштибоҳи дигаре ба назар мерасад, ки баръакс "паҳн"-ро ба ҷойи феъл ё исми ифодакунандаи феъл ба кор мебаранд. Хабаргузор мегӯяд: "Нашру паҳни ин китоб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зарур аст". Зоҳиран, дар ин ҷумла шояд ба хотири "тоҷикитар" кардани баён калимаи "пахш"-ро, ки дар зоти худ феъл аст ва маънои "паҳн кардан"-ро ҳам медиҳад, бо "паҳн" иваз кардаанд, ки аслан раво нест. Зимнан, худи калимаи "нашр (кардан)" маънои "паҳн кардан" ва "пахш"-ро дорад. Бинобар ин мегӯянд "табъу нашр", ки дар ин таркиб "табъ" чоп аст ва "нашр" паҳн кардани осори чопшуда. Гунаи дигари ин калима, ки тафсилитар аст, "интишор" мебошад.
Бинобар ин лозим аст дар чунин мавридҳо гуфта шавад: "Паҳн кардани (пахши, интишори, дастрас кардани) ин осор дар ҳамаи муассисаҳои таълим зарур аст".
Чанд мисоли шеърӣ барои калимаҳои мазкур:

Дӯшам зи булбуле чи хуш омад, ки месуруд,
Гул гӯш паҳн карда зи шохи дарахти хеш.

Ҳофиз

Чу хуршеди тобон зи боло бигашт,
Чи он диж намуду чи он паҳн дашт.

Фирдавсӣ

Замин шаҳр то шаҳр паҳнои ӯ,
Ҳамон кӯҳ то кӯҳ болои ӯ.

Фирдавсӣ

Ба Ширин гуфт, ҳин, то рахш тозем,
Бар ин паҳна замоне гӯй бозем.

Низомӣ

Шабе буд тӯфандаву пурдурахш,
Сиёҳиву барф андар офоқ пахш.

Баҳор

Ҳамчунин, лозим аст ёдоварӣ гардад, ки маънии аслии "пахш" зер кардан, фишурдан аст:

Бигуфт ину аз ҷой бар кард Рахш,
Ба захме саворе ҳамекард пахш.

Фирдавсӣ

Ва шояд дертар ба маънои "паҳн кардан" роиҷ шуда бошад. Дар гуфтори тоҷикон ба ҳамон маънои аввалаш маъмултар ва умумитар аст, аммо ба маънои нашру паҳн кардан ҳам дигар роиҷ шудааст.

Рустам Ваҳҳоб

Бозчоп аз саҳифаи ‎ ДУРУСТ БИНАВИСЕМ дар Фейсбук
Барчаспҳо: