ДУРУСТ БИНАВИСЕМ

Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз шарҳи ин се вожа дар се минтақаи торихии густариши забони порсии дарӣ бармеояд, ки ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд.

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муъосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

ПАҲН ( پهن )

Ахиран иштибоҳи дигаре ба назар мерасад, ки баръакс "паҳн"-ро ба ҷойи феъл ё исми ифодакунандаи феъл ба кор мебаранд. Хабаргузор мегӯяд: "Нашру паҳни ин китоб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зарур аст". Зоҳиран, дар ин ҷумла шояд ба хотири "тоҷикитар" кардани баён калимаи "пахш"-ро, ки дар зоти худ феъл аст ва маънои "паҳн кардан"-ро ҳам медиҳад, бо "паҳн" иваз кардаанд, ки аслан раво нест. Зимнан, худи

Марди муҳтарам зани муғул нест

«Оқо» вожаи муғуливу туркист, ки ҳамзабонони эронии мо иқтибос кардаанд ва дар мавриди муроҷиат ба мардон ва ё дар ғайби эшон,  агар хоҳанд эҳтиромашонро иброз доранд ба кор мебаранд «оқои Мурод», «оқои Шаҳидӣ» ва ғайра.
Чун сиёсати ҳизби коммунист ва давлати  шўравӣ мухолиф бо табақабандии шаҳрвандон буд ва як навъ баробариро илқо мекард (дар солҳои аввал содиқона ва дар солҳои поёнии мавҷудияти худ зоҳиран)  тайи ҳафтод сол ҳукумати шўравӣ чунин

Чопи китоби нави Рустам Ваҳҳоб: "ДУРУСТ БИНАВИСЕМ"

Китоби шоир ва  донишманди шинохтаи тоҷик Рустам Ваҳҳоб бо номи “Дуруст нависем” аз чоп баромад. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод.
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф бар ин назар аст, ки китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш