Яке аз ҷамъиятҳои англисии дўстдорони Лев Николайевич Толстой (дар шаҳри Манчестр), ки худро «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» номидаст, аз нависанда тақозо мекунад дар бораи иқдомоту фаъолияти анҷуманашон ба ихтисор, лоақал бо чанд калима ибрози ақида кунад. Лев Николаевич дар номае посух медиҳад:
«Дўсти азиз, Шумо ҳақ доред, тасаввур кунед, ки ман бояд ба «Анҷумани пайравони мактаб Толстой» алоқа нишон
Профессор Асадулло Сӯфизода баъди бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам бирафт. Устод Асадуллозода аз ҷумлаи фолклоршиносони маъруфи кишвар, муаллифи садҳо мақола, даҳҳо китоб дар бораи эҷдоиёти шифоҳии мардум аст. Муҳимтар аз ҳама устоди садҳо шогирдоне буд, ки имрӯз дар гӯшаву канори хоки кишвар саргарми таълиму тадриси насли наврасанд. Дар бораи тарҷумаи ҳоли устод Асадулло Сӯфизода малаби муфассалтарро
Вай ҳикоятҳои бисёреро аз адибони халқҳои Шӯравӣ ва хориҷ аз онро ба тоҷикӣ гардондааст. Ба қалами ў инчунин тарҷумаи осори калонҳаҷми нависандагони ҷаҳон тааллуқ доранд (А. Олимҷонов «Армуғони Утрор», 1973; романи «Пайкони Маҳамбет», 1984; повести С. Карнеев «Осмон беғубор буд», 1975; маҷмўаи ҳикояҳои В. Шукшин «Сўҳбати моҳтобшаб», 1981; роман ва повестҳои Т. Ҷумъагелдиев «Фирор», «Чароғ то саҳар фурўзон буд», «Қолин», «Якрав», 1991; повести Т. Пўлодов
Миср Эшниёзовро метавон аз поягузорони шевашиносӣ дар кишвар донист. Аз синни шонздаҳсолагӣ ба кори омӯзгорӣ ҷалб шудааст. Соли 2002 замоне аз олам даргузашт, ки як олими баркамол бо таълифоти зиди муфид буд. Имрӯз ҳам навиштаҳои Миср Эшниёзов дар дастури кории забоншиносон, бахусус шевашиносон қарор доранд.
Миср Эшниёзов соли 1919 ба дунё омадааст. Миср дар сини 16 -солагӣ мактаби ҷавонони колхозчиро бо
«Тоҷикистон алҳақ яне неъмати худодод, як мўъҷизаи табиат, як порча замини биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои, зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем».
Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиям, ки ман имрўз бимирам.
Расул Ҳамзатов
Чу ба одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагўяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Унсурӣ
