Давоми як моҳи охир теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Дар ин моҳ ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонанда буда, бештари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ барои ҷо додани хонандагон камӣ мекунанд. Хонандагони зиёде пеш аз шуруъ гардидани соати корӣ дар дами даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ ҷамъ меоянд.
Ин шуъба дар сомонаи мо 78 хабару мақолаву гузориш дорад. Он пештар дар таркиби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буд, аз замони мустақил шуданаш матолибаш зери номи худи он ҷамъ мешуд ва сабаби камтар будани теъдоди мақолоташ низ ҳамин аст. Аслан аз шуъбаҳои фаъолтарини Китобхонаи миллӣ дар сомонаи он ба шумор меравад.
Матолиби пурхонандаи он зиёданд.
Ҳар як намоишнома вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавиро талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишномаҳои классикӣ нисбат ба намоишномаҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахти «Чашмони интизор», Ҳамдам А. «Писари ватан», Ғуломова С. «Ҳодисаи нангин», Ашур Ф. «Ҳасани аробакаш», Аҳмад С. «Исёни
Аз даргузашти Раҳим Ҷалил 30 сол сипарӣ мешавад. Имсол ба таваллудаш 110 сол пур шуд. Аз ҷумлаи адибони шинохтаи кишвар аст. Нависандаест, ки воқеоти таърихӣ, хусусан, замони босмачигарӣ, ташкили сохти колхозӣ ва ташаккули синфи коргарро возеҳу муфассал тасвир карда, асарҳояш барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд. Дар сомонаи Иттифоқи нависандагон дар бораи ӯ мехонем:
Ҳамватанони азиз!
Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям. Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ,
Фонди фолклори тоҷик (ФФТ), бойгонии фолклори халқи тоҷик, ки соли 1958 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Маводди ганҷина, асосан, ба забони тоҷикӣ буда, баъзе намунаҳо ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ганҷина дар асоси маводи фолклории шуъбаи адабиёт, ки 320 саҳифаро ташкил мекард, созмон ёфт. Баъдан
