“Адабиёт аз назари ман мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бўю ҷилои хоси худро дорад, мегўяд шоир. Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам. Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам.” Алӣ Бобоҷон.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти
Ҳифзи мероси фарҳангӣ боарзиштарин мероси ҳар миллат аст. Кишварҳои пурқудрат барои нигаҳдорӣ ва рушди мунтазами соҳаи фарҳанг ва ҳунар хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд. Бахусус дар Китобхонаҳои машҳури кишварҳои Осиёву Аврупо назар меафканем аз ганҷинаи пурғановати миллатҳои гуногун баҳра мегирем. Ногуфта намонад, ки санъати мусиқӣ ва рассомӣ ҳунарест, ки барои дарки мазмуни онҳо донистани забон муҳим нест. Зеро он ба гӯшу чашму дил таъсир гузошта эҳсоси хушбиниву
Ин мисраи устод шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ў, ки мунтахаберо аз он дар китоби “Девони замон” мехонем. Ва дабиётшиноси маъруфи кишвар Абдураҳмони Абдуманнон сарсухани ҷолиба ба ин китоб навишта, ки ҳоло меорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо
Бахшида ба Рӯзи Оила дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бобоҷон ва бибиҷони меҳрубон» баргузор гардид. Ҳадаф он буд, ки бачаҳо симои воқеъии бобову бибии худро дар коғаз тасвир кунанд. Ҳар тасвир бинише дорад саршор аз тахайюли бою рангини олами кӯдакӣ. Суоле, ки мураббиён пеши худ гузоштанд, ин буд: Бачаҳо бобо ва бибии худро метавонанд тасвир кунанд?
Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта буд, боздид ва шиносоии варзишкорони муваффақи кишвар, ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи эълони озмуни ҷумҳуриявии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ташкил намояд.
