Ганҷи Қорун, ки фурў меравад аз қаър ҳанӯз...

 Ганҷи Қорун тибқи ривоиёт сарвати беандоза азиме аз симу зар, ки Қорун ба василаи ҳунари кимиёгарӣ гирд оварда буд. Аз рўи баъзе қиссаву ривоятҳо Ганҷи Қорун фарогири 440 ҳазор набон (халта) тиллову нуқра буда, калидҳои дари хазинаҳои Қорунро 40 шутур мекашиданд. Тибқи дигар қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун иборат аз 70 ҳазор деги рўйини пур аз зар буд, ки дар хонаҳо ниҳода, ҳар хонаро бо як калиди аз як мисқол тилло сохташуда қуфлкарда буданд, нуҳ марди паҳлавон мебоист, то

Турсунпўлод Аминӣ Истаравшанӣ кист?

 Амини Истаравшанӣ тахаллус, ном ва насаб Аминҷонов Турсунпўлод Турдимуродович аст, ки агар умр вафо мекард, имсол ба 70 қадам мегузошт. Мавсуф 25-уми майи соли 1949 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дида ба олам кушодааст. Солиёни дароз дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио кор мекард, аз ҷумлаи журналистони соҳибқалам буд. Ва шеър ҳам менавишт.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи УДТ

Ғоибназар Паллаевро ҳам шиносем

 Ғоибназар Паллаев имсол ба синни 90 медаромад, агар тарки ин олам намекард.  Як сиёсатмадори муваффақи замони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Зина ба зина то вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расид. Аммо аввали солҳои 90-и асри гузашта, дар айёми бедории афкори мардум ва дар пайи тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 аз вазифа канор рафт. Дигар ба мансабаш барнагашт. Чун соле баъд Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз ҳам пошид, қаламрави кишвари шӯроҳо ба таҳаввулоти сиёсии

Газетаи деворӣ, яъне чӣ?

 Газетаи деворӣ, газетаи дасхат ё чопӣ, ки дар муассисаю корхонаҳо, хоҷагии деҳқонию ташкилотҳо, мактабҳои миёнаву олӣ бароварда мешавад. Газетаи девориро маъмулан, як нусха бароварда, дар девор ё тахта (стенд)-и махсус меовезанд. Газетаи деворӣ ҳафтавор, даҳрўза, дуҳафтаина, моҳона ва баъзан ҳаррўза мешавад. Газетаи деворӣ дар собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ пайдо шуд.

Ҳамнишини беминнат

 Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардўсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешрафта ба шумор

Маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бахшида ба Рӯзи оила

 Қабл аз зӯҳри дирӯз дар ошёнаи 9-ум, толори “Ошёни булбулон” бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бахшида ба Рӯзи оила бо иштироки сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, шоира  Шоҳона Сулаймонӣ ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова доир гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори

Страницы