Маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бахшида ба Рӯзи оила
Нашр шуд 2019-05-16 10:39
Қабл аз зӯҳри дирӯз дар ошёнаи 9-ум, толори “Ошёни булбулон” бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бахшида ба Рӯзи оила бо иштироки сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, шоира Шоҳона Сулаймонӣ ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова доир гардид.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуда, зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули оилаи солим ва нақши оила дар пешрафти давлат ва тарбияи насли наврас мунтазам аҳамияти хоса зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштаанд, ки «…оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифз он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Салима Раҷабова дар идомаи суханронӣ зикр намуд, “дарвоқеъ оила, ки дар заминаи муносибатҳои никоҳии байни марду зан ба миён меояд, зуҳуроти мараккаби иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ба шумор рафта, унсури зарурии ташаккули ҷомеа маҳсуб меёбад”.
Баъдан риштаи сухан ба меҳмони маҳфил, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова дода шуд. Ҳунарпешаи варзида аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, хотираҳои неки дар театр доштаи хеш, ёди лаҳзаҳои хотирмони умри хеш ба ҳозирин ба нақл намуд.
Меҳмони дуюми маҳфил сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Шоҳона Сулаймонӣ аз даврони фаъолият шурӯъ намудан дар касби рӯзноманигорӣ то ба ин ҷода расидани хеш сӯҳбат намуд.
Қисмати дуюми маҳфил фарҳангӣ буд, ҳозирон дар иҷрои сарояндагони лаёқатманди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таронаҳои ҷолибу дилкаш шуниданд
Дар охир мубодилаи афкор миёни иштирокдорон сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО