Миср Эшниёзовро мешиносед?

 Миср Эшниёзовро метавон аз поягузорони шевашиносӣ дар кишвар донист. Аз синни шонздаҳсолагӣ ба кори омӯзгорӣ ҷалб шудааст. Соли 2002 замоне аз олам даргузашт, ки як олими баркамол бо таълифоти зиди муфид буд. Имрӯз ҳам навиштаҳои Миср Эшниёзов дар дастури кории забоншиносон, бахусус шевашиносон қарор доранд.

 Миср Эшниёзов соли 1919 ба дунё омадааст. Миср дар сини 16 -солагӣ мактаби  ҷавонони колхозчиро бо «Граммотаи зарбдорӣ» ба итмом расонд. Фаъолияти ин ҷавони умедбахшро дида ўро ба кори муаллимӣ  сафарбар менамоянд. Аз ҳамин вақт  сар карда Миср Эшниёзов  тақдири  ояндаи худро ба кори маорифи халқӣ узван мепайвандад.

 Аз ибтидои кори педагогӣ Эшниёзов пайваста барои такмили дониш ва сайқали маҳорати касбӣ ҷидду ҷаҳди зиёд менамояд.Ў соли 1939 Омўзишгоҳи педагогии тоҷикии ҷуҳуриявии шаҳри Самарқанд  ва соли 1952 Институти педагогии шаҳри Душанберо бо муваффақият хатм мекунад. 

Фаъолияти омӯзгории ӯ дар мактабҳои тоҷикии ноҳияҳои Ғузор ва Деҳқонободи вилояти Қашқадарё  ҷараён меёбад. Хизматҳои шоистаи ў дар ин муддат бо мукофотҳои давлатӣ қадр шудаанд.

Бо Укази Прездиуми Совети Олии СССР аз 6 июли соли 1945 бо медалҳои «Бо меҳнати шуҷоатнок» сарфароз гардид.

 Муаллим Эшниёзов  муҳаққиқи шинохта буда фаъолияташро ба омўзиши тадқиқи ганҷинаи беинтиҳои халқ-шева бахшида буд. Кори аввалини ў характери этнографию таърихӣ дошта, таҳти унвони «Ҳардурӣ» соли 1956 ба табъ расид ва боиси таваҷҷўҳи олимон гардид.  Ў тарафҳои гунонгуни диолектологияи тоҷикро мавриди истифода қарор додааст.

Асарҳои  Миср  «Машғулиятҳои амалӣ аз шевашиносии тоҷик», «Праграммаи шевашиносии тоҷик», « Диалектологияи тоҷик» ва  ғайраҳо мебошанд.

Миср Эшниёзов соли 2002 аз олам чашм пўшид.                                     

Дар Китобхонаи миллӣ аз Миср Эшниёзов ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:

 Шеваи ҳардурӣ. – Душанбе, 1967. – 229 с.

 Машғулиятҳои тоҷикӣ аз шевашиносии амалӣ. –  Душанбе, 1969. –280 с.

Диалектикалогияи тоҷик. – Душанбе, 1977. – 116 с.

Диалектологияи тоҷик лексикаи шеваҳои тоҷикӣ. – Душанбе, 1979. – 135 с.

Диалектологияи тоҷик: Қисми сеюм. Душанбе, 1986. – 96 с.

Казийяи вожаноманависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ. – Душанбе, 1999. – 298 с.

Дар бораи олими маъруф

 Маҳмадаминов, Н. Завқ аз шеваи мардум: Роҷеъ ба фаъолияти илмию педагогии номзади илми филология М. Эшниёзов // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1989. – 19 июл.Маҳмадаминов, А. Боғбони гулдаст: Аз фаъолияти адабии муаллими калони факултети филологияи тоҷик Эшниёзов Миср // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 29 январ.                  

Таҳияи Марзия Зардодхонова,

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ