Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Эпоси «Гӯрғулӣ» дар ҳаёти маънавӣ ва мадании халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноњияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Эпоси «Гӯрғулӣ» таърихест, ки ба василаи ровиён аз гузаштаи пурпайкору диловарии аҷдоди тоҷикон қисса мекунад.
Ҳасан шубҳае надошт, ки ў ба қуллаи мақсади зиндагӣ расидааст. Замона бошад, бо роҳи худ мерафт – замони нав – замонаи мураккаб на танҳо дигаргунсозии ҷамъият, балки тағири табиати инсонро талаб мекард. Ин замона аз сохтмон сар шуд: каналҳо месохтанд, роҳҳо, шаҳрҳо бунёд мекарданд. Техника пайдо шуд. Коргоҳи механикии нав, мошинҳои аввалин, мардумро моту ҳайрон карда, дар роҳҳо ба ҳаракат даромаданд. Ҳасан гумон дошт, роҳи зиндагиашро фақат худаш муайн карда метавонад ва
Мошини Чарлз Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ғайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд. Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон — Ада Ловлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада»
Дирӯз дар поёни мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси гўшаи ин кишвар ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум муаррифӣ намудани адабиёт ва фарҳанги Корея, табодули таҷриба, ташкил ва гузаронидани тадорукоти фарҳангӣ, ташкили давраҳои муштараки
Аз даргузашти маъруфтарин адиби кӯдакон Гулчеҳра Сулаймонӣ – духти бузургвори Пайрав Сулаймонӣ 16 сол сипарӣ мешавад. Ва аввали соли ҷорӣ ба таваллудаш 91 соли пур шуд. Аммо ҳамоно пурхонандатарин шоира барои атфол боқӣ мемонад. Гулчеҳра Сулаймонӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошта ва ашъораш дилписанду саршор аз муҳаббат аст. Гулчине аз арзёбии шеъри Гулчеҳра Сулаймониро ҳоло ин ҷо меорем.
Аз оғози таътили тобистона бештар аз 2000 нафар ба толори хониши кӯдакону наврасон ташриф оварданд ва 6 ҳазору 28 китоб дархост намуданд. Дар ин муддат ба толор 375 нафар меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ворид ва бо фаъолияти шуъба ва толори хониш шинос шуданд.
Таътили тобистона ба нақшаҳои шуъба тағйирот наовард. Чун ҳамеша маҳфилҳои “Дар суҳбати
