Китоб ва Китобхона: Аз омодагӣ ба имтиҳонот то омодагӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Дар рӯзҳои таътили тобистона ҳам касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, зиёданд. Донишҷӯён кайҳо имтиҳоноти худро супурдаву саргарми истироҳати тобистонаанд. Ё рафтаанд ба рустоҳои худ, ки кори саҳро кунанд ва ё дар истироҳатгоҳҳое саргарми истироҳатанд. Аммо кам нестанд касоне, ки рӯзҳоро дар толорҳои хониш пушти сар мекуннад. Ин бор суоли мо ба таътили тобистона иртибот дошт ва аз ду нафар

 

ТАФРЕҲ: Ғазале аз Фарзона

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,

Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам.

                                 ***

Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,

Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам.

 

Ҷамъбасти шаш моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 17 844 нусха адабиёт ба маблағи умумии 221 532,96 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 13 694 нусха ба маблағи умумии 188 499,96 сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора ахиран Директори Китобхонаи миллӣ Абдусалом Мирализода зимни

Боз як роман аз адибони ҷопонӣ: “Хонуме дар регзор

Муаллифи ин роман нависандаи маъруфи Ҷопон Кобо Абэ буда, онро аз русӣ Абдуғаффор Қурбонов баргардон кардааст. Китоб дар бораи ҳодисаҳое нақл мекунад, ки бар асари он одамон бенишон ғайб мезананд а ин рафтану бенишон шуданҳо  аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд. Дирсардӣ аз зиндагӣ, дунёбезорӣ, ҳаёти сангину фақри аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ ва ғайра.

Соате бо Зариф Ғулом

  Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавзўъ «Дар суҳбати  адиб» бо иштироки рўзноманигор ва нависанда Зариф Ғулом  баргузор гардид.

   Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов меҳмони маҳфил ва ҳамаи ширкаткунандагонро хайрамақдам гуфт. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар бораи Зариф Ғулом ҳарф зад, ӯро ба ҷамъомадагон шинос намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки  хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвию латифа, қиссаю ҳикояҳояш воқеӣ буда, дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз соли 1959 то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасанд. 

Тасвири гул дар маҳфили “Дастони моҳир

 Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд.  Чаро мо ин мавзуъро интихоб кардем? Тоҷикистон ва бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе ахиран ба як шаҳри гулҳо табдил шуд. Имрӯз ба ҳар кӯчаву хиёбон наравед, аз ҳар раста гузар накунед, шумо ба гулҳои рангорангу зебо рӯ ба рӯ мешавед. Баъзе намуди гулҳоро мо бори аввал мебинем. Шаҳрдории пойтахт барои ободе зебо гардонидани шаҳри Душанбе аз кишварҳои дур гунаҳои мухталифи гулҳои 

Страницы