Боз як роман аз адибони ҷопонӣ: “Хонуме дар регзор

 

Боз як роман аз адибони ҷопонӣ:  “Хонуме дар регзор”

Муаллифи ин роман нависандаи маъруфи Ҷопон Кобо Абэ буда, онро аз русӣ Абдуғаффор Қурбонов баргардон кардааст. Китоб дар бораи ҳодисаҳое нақл мекунад, ки бар асари он одамон бенишон ғайб мезананд а ин рафтану бенишон шуданҳо  аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд. Дирсардӣ аз зиндагӣ, дунёбезорӣ, ҳаёти сангину фақри аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ ва ғайра.

Кобо Абэ ( номи аслии адиби Абэ Кимифуса) аз ҷумлаи нависандаи барҷастаи Ҷопон, драмматург, сенариянавис, яке аз пешвоёни баъдиҷангии пешоҳангӣ дар санъат мебошад. Гуфта мешавад, ки соли 1992  номзад ба ҷоизаи Нобелӣ оид ба адабиёт низ будааст, вале марги нобаҳангомаш дар соли 1993 ӯро аз ин ҷоиза маҳрум кардааст.

Ӯ муаллифи асарҳои зерин мебошад: “Аломат дар охири роҳ” 1948, “Иттиҳоди гуруснагон” 1954, “Танҳо онҳое, ки хона меҷӯянд” 1957, “Марҳилаи чоруми яхбандӣ” 1959, “Чашмони сангин” 1960, “Хонуме дар регзор” 1960, “Чеҳраи бегона” 1964, “Тамоман ба монанди одам” 1967, “Харитаи сӯхташуда” 1967, “Одам-қуттӣ” 1973, “Дидори пинҳонӣ” 1977, “Воридшудагон ба киштии Нуҳ” 1984, “Ҳавонавард” 1994.

 

Матни комили китобро ин ҷо метавонед мутолиа намоед.

Барчаспҳо: