Муаллифи ин роман нависандаи маъруфи Ҷопон Кобо Абэ буда, онро аз русӣ Абдуғаффор Қурбонов баргардон кардааст. Китоб дар бораи ҳодисаҳое нақл мекунад, ки бар асари он одамон бенишон ғайб мезананд а ин рафтану бенишон шуданҳо аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд. Дирсардӣ аз зиндагӣ, дунёбезорӣ, ҳаёти сангину фақри аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ ва ғайра.