Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон

   Ҳиндустон мамлакати сераҳолӣ ва сермиллат аст. Он дорои 18 забони давлатӣ : ҳиндӣ, банголӣ, маратҳӣ, гуҷаратӣ, панҷобӣ, ория, ассамӣ, кашмирӣ, тамилӣ, телугу, малаялам, каннада, урду, синдҳӣ, непалӣ, манипурӣ, биҳорӣ ва санскрит буда, ҳазорҳо  лаҳҷаҳои гуногунро дорад. Ҳар як забон ва ҳар як лаҳҷа дорои фолклори худ аст, ки бо хусусиятҳои миллӣ ва маҳаллиаш аз ҳамдигар фарқкунандаанд. Вале баъзан ҳамон як афсона ва ё ривояту достонҳо, ҳарчанд сужаи як дошта бошанд ҳам, бо ҷою макон ва қаҳрамони худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.Баъзан ин тавр ҳам мешавад, ки бисёр достону ривоятҳо ва афсонаҳо аз байн беному нишон ғайб мезанад ва ҷои онҳоро афсонаҳои нав мегиранд.

Осорхонаи Конуни забон, яъне чӣ?

 Осорхона чист? Ин аввалин суоле буд, ки ба муҷарради ворид шудан ба осорхонаи забони тоҷикӣ ба сарам омад. Дарвоқеъ, чист осорхона ва чаро мо бояд онро дошта бошем?

 Осорхона макони хосест, ки дар он маҷмуъае аз осори бостониву санъатӣ ва ашёи боарзишро ба маърази намоиш мегузоранд. Ҳатто ҷомеаи байналмилалӣ ҳар сол як рӯз – 18 майро рӯзи осорхонаҳо эълон кардааст ва

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

     Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи  5- уми июли соли 2019, соати 14 00  дар толори “Ошёни Булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 9- ум) чорабинии фарҳангию фароғатӣ  бахшида ба Рўзи  маъюбони Тоҷикистон (8-июл)  таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» доир гардид.

    

Модари Музаффар

   Шаб баробари варақгардон кардани шеърҳои Музаффар, хотиротам низ беихтиёр такорӯ шуд; дар пеши назар зодгоҳи чу модар азиз бо тамоми наҷобаташ, ки ки вуҷудамро ҷавонии дубора бахшид, падид омад. Деҳа аҷоиб ҷойгоҳест, мисли ҳарам поку беғубор ва мардумон чун малак бо ҳам дӯсту ғамгусор. Ин деҳа нест, ин як хонадон аст, ки аҳли он дар миёни чордеворҳои пастобаланду яке муҳташаму дигар муҳаққар макон кардаанду,

Маҳбубияти ҳунарманд

Гуландом Сафаралиева дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”; “Ҳуррият”; “Хизматгори ду хоҷа”; “Ваня тағо”; “Эзоп”; “Гамлет”; “Шоҳ Лир”; “Тўй”; “Имтиҳон”; “Бой ва хизматгор””; Интизорӣ”; “Охирин арўси амиралмўъминин”; “Афсонаҳои мўйсафед”; “Эдип”;  “Нодира”; “Зебунисо” образҳои ҷолиб офаридааст. Дертар Гуландом дар эҷоди нақшҳои характери психологӣ дошта низ бомуваффақият қувва озмуд. Нақшҳои Дона Анна ва “Фоҷиаҳои хурд”-и Пушкин ва Клея аз “Эзоп”-и

Шумо аз Олес Гончар чӣ хондаед?

 Аз ҷумлаи адибони сермаҳсули замони Шӯравист, ки асарҳои зиёдаш ба тоҷикӣ ҳам баргардон шудаанд. Яке аз маъруфтарин нависандагони украин аст. Хеле сиёсатзада ҳам буд, ки зидди Б.Л.Пастернак, А.И. Солженитсин, А.Д.Сахаров, ки бо сиёсатҳои шўравӣ созгор набуданд, мақолаҳо навиштааст. Аммо бо вуҷуд он солҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нависандагони пурхонанда буд.

 Гончар Олес ( Александр Терентевич)  3 апрели соли 1918

Страницы