Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти шумораи 50706 китобе маҳфуз аст, ки «Садриддин Айнӣ” ном дорад ва он асарҳои мунтахаби абарустод мебошад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1949 чоп кардааст. Аз чопи он 70 сол сипарӣ гардид.Китоби мазкур замоне интишор ёфт, ки устод Айнӣ дар ҳаёт буд ва яқинан худи ӯ панҷ асари маъруфашро зери унвони “Асарҳои мунтахаб” мураттаб намуд. Дар саҳифаи аввали он мехонем: “Нашриёти давлатии
Хонандагон дар синфи 11 омўзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурўъ карда буданд, давом медиҳанд. Дар синфи 10 кадом мавзўъҳоро омўхтанд? Гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи кимиёвӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин, ташаккули кимиёвиии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ва ғайраро.
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 508 китоб тақдим кард, ки яке аз он “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.
Хонаводаи олими шинохта Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ 638 нусха китоби китобхонаи шахсии ӯро тақдим карданд. Аксари ин китобҳо илмианд ва бештар дар мавзӯъи пажӯҳишҳои олими варзида навишта шудаанд. Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо чандин китоб аз илмҳои дақиқ, геология, экология, минерология ва авторефератҳои зиёде, ки солҳои мухталиф навишта шудаанд, ғанӣ гардид.
Таҳмина, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб мебошад. Аз Таҳмина дар достони “Рустам ва Суҳроб” – и «Шоҳнома»-и безавол ёд мешавад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, Рустам рўзе дар ҳудуди шаҳри Самангони Турон шикор карда, баъди анҷоми шикор соате ба хоб рафт. Аспи ў – Рахш ба галаи аспони шоҳи Самангон, ки дар наздикӣ мечариданд, ҳамроҳ шуд.
Рустам аз хоб бедор шуда, аспашро надид ва дар ҷустуҷўи он ба шаҳри Самангон ворид гардид.
Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс - тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад.Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан
