Наврўз шуду лолаи хушранг баромад...

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст»

Эмомалӣ Раҳмон

 

Сайре дар ҳикматҳои наврӯзӣ

 Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Лекин занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои  табиатро нақшбардорӣ 

Шаступанҷ соли Юнус Юсуфӣ – Муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.

 ЮНУС ЮСУФӢ 15 марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987-2000)

Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Украина дар Тоҷикистон. Ифтитоҳи “Гӯшаи китоби Украина”

 Дар доираи масъалаҳои мавриди суҳбат миёни Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ “Гӯшаи китоби Украина” ифтитоҳ шуд. Акнун шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.

 

Ёде аз Ҳабибулло Файзулло

 Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд. Муаллифи маҷмўаҳои шеъри «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ў чоп шудаанд.

 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Софокл (солҳои 497 – 400 пеш аз мелод )

Софокол яке аз адибони машҳур ва ҳамзамони Эсхил буда, осори худро дар замони тараққиёти демократии ғуломдории Афина эҷод намудааст. Софокл дар яке аз мавзеъҳои Афина, дар оилаи соҳиби устохонаи силоҳсозӣ ба дунё омадааст. Ў дар байни ҳамдиёронаш обрўи хосе доштааст. Мероси адабии ў қариб 120 асри драмавиро дар бар мегирад. Ба ҷуз порчаҳои пароканда ҳафт асари драмвии ў то замони мо расидааст. Аз қабили «Аякс», «Антигона», «Шоҳ Эдип», «Электра», «Эдип дар Колон», «Филоктет», «Пайшиносон».

 

Страницы