Хуб аст агар китобҳо барои бачаҳо бо тақризҳо чоп шаванд. Чанд маврид мо тақризи адибонро ба китоби ҳамқаламонашон интишор дода будем ва ин иқдом аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта шуд. Ҳоло ҳамкорамон Фирӯза Аҳророва аз ҳафтаномаи “Адибёт ва санъат матлаби навиштаи Нозук Алиеваро дар бораи ҳикояҳои Акобир Шарифӣ-адиби хушзавқи бачагон китобат кардааст, ки фикр мекунем мақбули хонандагон мешавад.
Фаъолияти Акобир Шарифӣ серсоҳа аст. Ў барои дар дили хурдсолон парваридани ҳиссиёти наҷиби инсонӣ ва дар рўҳи
Имрӯз ба даргузашти шоираи хушбаён Норинисо Алимуҳаммадова 2 сол пур мешавад. Шоира рӯзи 19-марти соли 2018 баъди бемории тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар манзили фарзандаш аз олам даргузашт. Духтари шоира рӯзноманигор, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Воҳидова аз шаҳри Тулаи Федератсияи Русия ёдномаи саропо меҳру дардро ба сомонаи мо ирсол карда, ки ин
Муҳаббат Иноятова ҳамчун омўзгори асил, солиёни аз фанҳои педагогика, психология, маҳорати педагогӣ дар сатҳи баланди илмию методӣ, дарсҳои назариявию амалӣ мебарад. Дар корҳои тарбиявии омўзгорони ҷавон саҳми муносиб гузошта, маҳорат, донишу малака ва таҷрибаи бои хешро пайваста такмил медиҳад.
Иззатова Муҳаббат Иноятовна 10.03.1952 дар шаҳри Кўлоб вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами №4 шаҳри Кўлоб гирифта, соли 1969 ба бахши рўзонаи факултаи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб
Чанд порчае, ки ҳоло интихобан пешкашатон мекунем, аз китоби “Одоб ва русуми Наврӯз”-и Ризо Шаъбонӣ, пажӯҳишгари эронист. Ин китоб соли 2008 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва нусхаҳое аз он дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, ки хоҳишмандон метавонанд, сари фурсат онро мутолиа намоянд. Ин як пажӯҳише аз таҷлили Наврӯз дар Эрон аст. Вале хеле умумиятҳо бо Наврӯзи Тоҷикистон дорад. Интихобамон ҳам
Намояндаи сеюм ва ҳамзамони Софокл ва намояндаи охири фоҷиаи атиқаи Юнон Еврипид аст. Дар асарҳои ў бўҳрони давлати Африка, ки дар замони ҷанги Пелетона ( 431 – 404 ) хеле тезу тунд гардидиа буд, инъикоси худро ёфтааст. Масъалагузорӣ ва ғояи асарҳои драмавии Еврипидро бо назардошти масъалаҳои умдаи ҷамъиятиву сиёсии нимаи дуюми асри V Афина фаҳмидан мумкин аст. Еврипидро «файласуфи саҳна» гуфтанд, ки дар фоҷианомаҳои ў тозатарин комёбиҳои фикрии замонааш инъикос ёфтаанд. Тахмин кардаанд, ки Еврипид қариб 90 асари драмавӣ эҷод намудааст ва аз он танҳо 19 тояш
Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».
Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободон кун,