Баҳор фасли зебост ва зебогиро дӯст дорад. Тозагиву низофат яке аз вижагиҳои Баҳор аст. Мебояд атроф мисли гулҳову сабзаҳои аввалбаҳорӣ ҳамеша тозаву пок бошад. Рӯзи шанбеи гузашта барои кулли кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Онҳо атрофи бино ва ҳотаи онро тоза карданд, гулҳои рангоранг шинонданд.
Тибқи Фармоиши Директори Китобхонаи миллӣ аз 1-уми апрели соли 2020 Китобхона ба реҷаи тобистонии фаъолият мегузарад. Акнун хонандагон метавонад аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб дар толорҳои хониш ҳузур дошта бошанд.
Гузаштан ба реҷаи тобистонии фаъолият ба хотири боз ҳам ба хонандагон фароҳам овардани имкониятҳои бештари мутолиаи китоб аст. Ҳамаи толорҳои хониши Китобхона аз соати 08 то 22 дар
Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Новобаста ба он ки дар бораи короновирус дар кишвар ҳар овоза паҳн мекунанд, вале ин садди роҳи он нашудааст, ки китобхон роҳи китобхонаро гум кунад. Ҳатто рӯзҳои Наврӯз Китобхонаи миллӣ пурра фаъол буд ва ба ҷуз рӯзи 21-уми март, дигар ҳама рӯзҳо толорҳои хониши он пур аз
Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.
Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.
Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.
Имрӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи милии Тоҷикистон маҳфили “Дастони моҳир” доир шуд, ки мавзӯъи он ҳунари суманакпазӣ буд. Дар ин маҳфил хонандагон дар бораи баҳор, Наврӯз ва албатта суманак шеърҳо хонданд. Муаллима бошад ба хонандагон дар бораи таърихи пайдоиши суманак маълумот дод.