Дар хоки Маҷористон

Ниҳоят лаҳзае фаро расид, ки ҳамаро вагон ба вагон аз рўи ҳисоби чилудукасӣ ё ҳаштаспӣ ҷо карданд. Аспҳо, бадеҳист, ки бароҳаттар мерафтанд, зеро рост истода хоб рафта метавонистанд. Воқиан ин ҳеҷ гуна аҳамияте надошт: қатораи ҳарбиён ба Галитсия тўдаи нави одамонро ба куштан мебурд.

Бо вуҷуди ҳамин, даме, ки қатора равон шуд, ин маҳлуқҳо як дараҷа тасалло ёфтанд. Акнун ақаллан андаке маьлум гардид, то ин лаҳза бошад, фақат муаммои тазйиқоваре буду бас, воҳимаву изтироби бепоёне буд, ки кай мефиристода бошандашон: имрӯз, пагоҳ ё пасфардо? Бисёриҳо эҳсоси каси 

Ҷойгоҳи китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ дар таъмин иттилоотии олимон ва мутахассисон

 Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона астКитобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст. Фонди умумии Китобхона зиёда аз 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад. Китобхона хазинаи давлатии 

Оинадори Фарангу Ховар

Ин китоб аз мақолаҳо, нақду баррасӣ ва меҳрномаву шеърҳое фароҳам омадааст, ки ба 75-солагии адабиётшиноси маъруф, тарҷумашинос, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов бахшида шудааст. Муаллифони нуқтасанҷ, ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон роҳи дар зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабӣ содиқона тайнамудаи ин муҳаққиқи пухтакори тоҷикро бо самимият ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Абдурашид Самадов соли 1945 дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд таваллуд ёфта, соли 1961 мактаби миёнаро хатм намудааст.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Вергилий ( Солҳои 70–19 то мелод )

Публий Вергилий Марон дар шимоли Италя ба дунё омада, маълумотро дар Кремонс ва Рум гирифтааст. Қисмати зиёди умрашро Вергилий дар маҳалли худ, дар Андаҳ ва баъд дар Компаний гузаронидааст.Асари нахустини ў «Буколикаҳо» ё «Экологаҳо» буда, аз 10 суруди чўпонӣ иборат аст.

Ҳаракат дар ин асар бо назардошти манзараҳои табиат, ки худи адиб мафтуни он буд, тасвир ёфтааст. Ҳамин хусусият, махсусан дар қисматҳои якум ва сеюми он равшан ба назар мерасад. Инчунин қисмати аввал ва нўҳум характери тарҷумаҳолӣ дошта, дар қисмати

Офтобо равшанӣ гир аз дили Равшандилон...

Ин аз чорпораест, ки дар васфи маҳфили “Равшандилон” суруда шудааст ва ҳар нишасти он бо ҳамин мисраҳо оғоз мешавад. Охирин маҳфили “Равшандилон” наврӯзӣ буд. Наврӯз ягона ҷашнвораи миллист, ки кӯҳнашавӣ надорад ва ин бор ҳам, ки охири март аъзои маҳфил гирди ҳам омаданд, нишасти худро наврӯзӣ номиданд. 

COVID-19: Низоми нави вуруд ба Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз низоми вуруд ба Китобхонаи миллӣ дигар шуд. Акнун қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд. Ҳадаф пешгирӣ аз вируси короно ва эҳтиёт аз ҳодисаҳои номатлуби гирифторӣ ба ин вирус аст.

 

Страницы