Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз (Идома)

Яке аз роиҷтарин мутифи хамриёти Ҳофиз бода – манбаи шодию хушдилӣ аст. Ин мутиф гарчанде дар адаби форсӣ таърихи куҳан дорад, дар шеъри Ҳофиз ба авҷи камолоти худ мерасад. Шоир дар баён ва тасвири он мазомин ва таъбироти нав дохил намуда, мўҳтавои онро бо киноёту ташбеҳоти тоза ғанӣ гардонидааст. Бода барои шоир як неъмати шодибахши атои Худовандист, ки боиси хуш гузаронидани ин умри кўтоҳ мегардад. Аз диди шоиронаи Ҳофиз инсон дар лаби баҳри фано қарор дорад, муддати як мижа задан кофист, ки ғарқ дар ин баҳри адам гардад.

2Май  - мабдаи тасвир

Ду корманди Китобхонаи миллӣ сазовори унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ” шуданд

Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Абубакр Манонзода ва Зафар Саидов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд. Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода тақдим шуд. 

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз

Тасвири май дар ашъори бузургтарин шоири ғазалсарои адаби форсӣ – Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мақоми махсус дошта, анқариб тамоми осори ўро фаро гирифтааст. Хоҷа ҳангоми сурудани мавзўи мазкур аз таҳаввулоти он дар осори шуарои салафи худ огоҳии комил дошта, мазомин ва мўҳтавои онро ба ҳадди камол расонидааст. Он чизе, ки Ҳофизро  аз дигарон боло мегузорад, тарзи тасвир ва баёни ўст, ки саршор аз маҷозу киноя ва иҳому истиора аст. Аз сўи дигар, ҳар вожаи шеъри Ҳофиз дорои ду соҳати маънӣ: дарунмаънӣ ва берунманӣ мебошад.

 

Донишманди некрою равшанзамир

Одатан, дар оғози ҷашни мавлуди намояндагони илму адаб бисёр менависанд, вале ин навиштаҳо аксаран самимияти шахси нависандаро ба таври мукаммал ифода карда наметавонанд. Шояд ин аз он вобаста аст, ки мо ҳама аз нарасидани ҳамон вақте, ки аксаран беҳуда зоеъ меравад, шикоят мекунем. Аммо дар лаҳзае, ки нисбат ба фарде, ки бароямон бисёр азизу гиромӣ аст, бо ҳар баҳона аз изҳори ҳақиқате, ки ӯ сазовор нисбаташ қанораҷӯӣ мекунем. Бо ҳамин айби мо ҳақиқате аст як умр дар қалбҳо пинҳон мемонад. Шояд он ҳақиқатест, ки дигарон намедонанд ё ҳақиқатест, ки ба тақдири ояндаи шахс таъсири амиқ 

Мафҳуми достон ва собиқаи достонсароӣ

Маънии луғавии достон  шуҳрат ва масал  (Бурҳони қотеъ),  шаҳри воқиа (Фарҳанги забони паҳлавӣ  1386, 137), саргузашт, афсона, машҳур, забонзад  (Фарҳанги форси Муин, зайли вожа). Достон ба маънои луғавӣ дар «Шоҳнома»  истифода шудааст, аммо асли маънои он як рўйдоди анҷомёфта ва ба натиҷае расида мебошад, ки дар ин суханони Фирдавсӣ мулоҳиза шудаанд:

 Кунун пуршигифте яке дост

  Бипайвандам аз гуфтаи бостон.   (Шоҳнома 1, 164)

 

Китоби нав: Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷуйҳои илмӣ

 Дар китоби мазкур, ки муаллифи он Шариф Комилзода – Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад, бахшу зербахшҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат - Эмомалӣ Рахмон», роҳандозӣ намудани корҳои пажўҳишӣ  ва баргузории экспедитсияхои илмиву тадқиқотҳои сотсиологӣ, иштирок дар конференсияву семинарҳои ғоибона илова гардида, мақолаҳои нашргардида тибқи талабот ба илмӣ ва илмию оммавӣ гурўҳбандӣ шудааст.

 

Страницы