Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ...

 Ҳафтод сол пеш Дӯстмурод Алиев ба дунё омад ва сивуяк сол пеш ҷамъи моро тарк гуфт. Умри дароз надид, ҳамагӣ 39 сол зист. Вале дар ҳамин умри кутоҳ осори ҳунарие аз худ боқӣ гузошт, ки то миллат ҳаст, аз хотираш зудуда намешавад. Ӯ дар  самои ҳунари овозхонии тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нопадид гардид. Мувофиқи талаби мусиқию  суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дармеёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.

 

Китоби нав: Ганҷи Ванҷ

Нависандаи вокеъиятнигор Зиёратуллои Назрулло ба таърихи миллат  таваҷҷуҳ дорад ва қаблан китобаш бо унвони «Решапайванд» пешкаши хонандагон гардида буд. Дар китоби мазкур аслан сухан мавриди таърих мерафт ва барои хонанда чолибтар ин аст, ки  ҳақиқат  руи саҳфа биёяд.

Дар китоби «Решапайванд» «аз гузашта ва имрўза ёдовар шуда,  таърихи пайванди хешу табории сокинони як гушаи зебоманзари кишвар бо хам» аз он ёдрас менамуд, ки: «Эй одамон, мо бо ҳам пайванди хуниву авлодиву забониву аждодӣ …дорем ва бояд бо ҳам дўст бошем ва ба кадри хамдигар бирасем»…

Ӯ саропо меҳр буд. Аз даргузашти ҳамкорамон Валиҷон Баёнӣ 50 рӯз гузашт

Ҳузури баъзе инсонҳо дар ҳаёти мо мисли нурпошии офтоб дар рӯзи сардию равшании моҳ дар шаби тор аст. Онҳо бо хулқу хислатҳои ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳамеша даври моро маънии дигар мебахшанд. Ҳамеша мо ҳис мекунем, ки дар ҳаёт ба чунин афрод эҳтиёҷ дорем. Хоҳ дар коргоҳ бошад, хоҳ ҷои дигар. Чун ин гуна шахсон ҳамеша дар дармондагӣ ба мо раҳоиро нишон медиҳанду дар роҳгуми роҳро. Устоди зиндаёд Валиҷон Баёниро аз ҷумлаи ҳамин гуна нафарон шинохтам. Чанде ки чун мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуоти даврии Китибхонаи миллии Тоҷикистон кор

Китоби нав: Пажуҳишҳо дар таърихи фалсафа ва ирфон

Асари мазкур ба қалами муҳаққиқи таърихи фалсафаи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Тоҷинисо Муродова тааллуқ дорад, ки ба равшанӣ додан ба саҳифаҳои норавшани таърихи фалсафаи тоҷику форси асрхои XIV-XIX бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки дар ташаккули андешаҳои фалсафӣ, маънавӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, ирфонӣ ва афкори давлату давлатдории ин асрҳо мақом ва манзалати Имоди Факеҳи Кирмонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Шамсуддин Мухаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Ҳаким Сафо, Сайиидои Насафӣ ва Маҳмуди Шабистарӣ ниҳоят бузург буд, ки дар ин монография бори аввал аз онхо сухан меравад ва осори онҳо барои хонандаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши чорум

Он чӣ дар боло баён намудем, ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ мурод аз он майи хушгувор, ки шоир маънии оби зиндагияш медонаду аз бўйи он дили мурда ҷон мегирад, ишқ аст. Танҳо ишқ аст, ки ба инсон умри ҷовидонагӣ мебахшад ва шоир ин маъниро ҷойи дигар бидуни рамзу киноя ба таври возеҳ мегўяд

  5.  Бода – ҳаётбахш

  Ин мутифро метавон идомаи мутифи «Ситоиши бода» номид, зеро ҳаётбахшӣ яке аз сифатҳои бода аст. Бино ба гуфтаи Ҳофиз он оби зиндагӣ, ки Искандар ҷусту наёфт ва Хизр нўшиду 

Эй дӯст, биё баҳри томошои Душанбе...

Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор. Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик 

Страницы