Ӯ саропо меҳр буд. Аз даргузашти ҳамкорамон Валиҷон Баёнӣ 50 рӯз гузашт

Ҳузури баъзе инсонҳо дар ҳаёти мо мисли нурпошии офтоб дар рӯзи сардию равшании моҳ дар шаби тор аст. Онҳо бо хулқу хислатҳои ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳамеша даври моро маънии дигар мебахшанд. Ҳамеша мо ҳис мекунем, ки дар ҳаёт ба чунин афрод эҳтиёҷ дорем. Хоҳ дар коргоҳ бошад, хоҳ ҷои дигар. Чун ин гуна шахсон ҳамеша дар дармондагӣ ба мо раҳоиро нишон медиҳанду дар роҳгуми роҳро. Устоди зиндаёд Валиҷон Баёниро аз ҷумлаи ҳамин гуна нафарон шинохтам. Чанде ки чун мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуоти даврии Китибхонаи миллии Тоҷикистон кор мекарданд, миёни ҳамкорон ҳамеша роҳбаладу тавсиягар буданд. Меҳру ғамхорӣ дар тамоми кирдору рафторашон ҳувайдо буд. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ аз таваллуд то дами охири ҳаёт  як нафари саропо меҳрубон ва дилсӯз буд.

Таҷрибаи калони корӣ ва дониши мукаммалу васеъашон ба эшон имкон дода буд, ки дар ҳар масоиле набошад, ба мо, ҷавонон тавсияву ёрӣ диҳанд. Фурӯтанию хоксориашон боигарии дигари устод ба ҳисоб мерафт. Ҳама хислатҳои шоиста ба ҳам дар устод ҷамъ шуда, ӯро миёни мо шогирдон азизу гиромӣ намуда буд. Фаъолият ва таҷрибаи устод нишон медиҳад, ки марҳум дар ҷодаи таълим хеле муваффақ ва собитқадам будаанд. Солҳои дароз ба ҳайси муаллим фаъолият карда, минбаъд дар таҷрибаи рӯзноманигории хеш донишу таҷрибаҳояшро дар садҳо мақола ва чандин китоб ба хонанда пешниҳод намудааст.

Бешак неку хуб мешавад, ки дар баробари мо, шогирдон дигарон ҳам дар бораи устод донанду аз ӯ ба некӣ ёд кунанд. Устод Валиҷон Баёнӣ (Баёнов Валиҷон ) 28-уми сентябри соли 1971 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Маъулмоташ олӣ буда, факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог  (соли хатм 1996) хатм намудааст. Устод муаллифи китобҳои “Шаҳиде дар дили дарё”, “Насими рангҳо”, “Номаи меҳр”, “Ватан ҳастӣ, бас аст”, “Зангӯлаи таронаҳо”, “Дилномаҳо”, “Дуои сабзи устод”, “Дар суфраи эътиқод”, “Ватан дар вожаҳои муҳаббат” мебошад ва 100-ҳо  мақолаю мусоҳибаҳояш дар матбути даврӣ  нашр шудааст.

Устод узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2004) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2015) баданд. Соҳибу сарфароз бо “Таърифнома”-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1989), нишонҳои “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2008) ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2010) мебошанд. Эшон солҳои 1989-2002 сарвари пешоҳангон ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби миёнаи №19-и н. Нуробод, солҳои 2002-2006 мухбири махсус, мудири шуъбаи мактубҳо ва кор бо мухбирони ҷамоатҳои нашрияи “Субҳи дониш”, солҳои 2007-2009 мудири шуъбаи иттилоот ва фарҳанги рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, соли 2010  мухбири махсуси рўзномаи “Паёми Душанбе”, соли 2011 омӯзгори фанни забон ва адабиёти муассисаи давлатии “Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон”, соли 2013 мудири шуъбаи адабиёти  таълимӣ, методӣ ва аёнияти муассисаи нашриявии “Маориф ва фарҳанг” ва аз соли 2014 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ кор ва фаъолият намудааст.

Ҳамчунин донишмандии дигари устод дар ҳунари шеърнависиашон ҳавайдо гардида буд. Устод дар баробари он ки мақолаҳои хубу хонданӣ пешкаши хонандагон тариқи нашрияҳои гуногун менамуданд, ҳамчунин бо шеърҳои дилчаспу равонаш низ дили садҳо хонандаашро тасхир карда буданд. Ҳамин буд, ки ӯро ҳамеша бо унвони “Валиҷони журналист ва шоир”  ном мебурданд.

Мутаасифона, ришати умри устод хеле бармаҳал канда шуду мо аз ҳузури устод маҳрум гардидем. Маҳум 29 феврал дар синни 48-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд. Ва ин сафарро қаблан ба модар чунин қисса карда буд:

Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин...

Аз устод рафиқону ҳамсабақон чун як ҷавонмарди беозор, донишманд, саропо меҳр, ёд мекунанд. Ва мо низ устодро ҳамин гуна дарёфта будем. Имрӯз, ки ҷои устод холист, моро мебояд эҷодиёти марҳумро чун дастурамал ҳамеша барои худ нигоҳ дорем. Эҷоду навиштаҳои устод чун давомдиҳандаи умраш ӯро то абад дар ёду дили мо зинда нигоҳ хоҳад дошт.

Бунафша АБДУЛЛОЗОДА,

мутахассиси шуъбаи матбуоти даврии КМТ

 
Барчаспҳо: