Нақши китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас

 Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама 

“Тоҷикон”-и Аллома Бобоҷон Ғафуров дар маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”. Дар оғози дуюмин моҳи баҳор, баъд аз асри рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин чорабинии муштараки маҳфил ва шуъбаи кўдакон ва наврасон буд, ки қисми аввали китоби « Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Адабиёти Руми Бостон

 Ҷамъияти ғуломдории Рум ҳамон зинаҳои инкишофро аз сар гузаронидааст, ки Юнон гузаронида буд. Аммо ба таъбири Ф. Энгелс ҳамин ҷараён ё зинаи инкишоф дар сатҳи олӣ такрор шудааст. Руми Қадим аз давлатҳои зиёд, аз ҷумла, аз Юнон маданияти қадимро омўхтааст. Румиён аз адабиёти Юнон ба саволу дархостҳои зиёди худ ҷавоб ёфта, жанрҳои асосӣ, образҳо, сюжетҳо, шаклҳои адабиеро, ки барои адабиёташон хос буд, истифода кардаанд.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Еврипид (солҳои 485 – 400 пеш аз милод )

​ Намояндаи сеюм ва ҳамзамони Софокл ва намояндаи охири фоҷиаи атиқаи Юнон Еврипид аст. Дар асарҳои ў бўҳрони давлати Африка, ки дар замони ҷанги Пелетона ( 431 – 404 ) хеле тезу тунд гардидиа буд, инъикоси худро ёфтааст. Масъалагузорӣ ва ғояи асарҳои драмавии Еврипидро бо назардошти масъалаҳои умдаи ҷамъиятиву сиёсии нимаи дуюми асри V Афина фаҳмидан мумкин аст. Еврипидро «файласуфи саҳна» гуфтанд, ки дар фоҷианомаҳои ў тозатарин комёбиҳои фикрии замонааш инъикос

“Файзи қудс”-и устод Халилилллоҳ Халилӣ дар Китобхонаи миллӣ муаррфиӣ шуд

 Дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ рӯнамоии асари арзишманди  адабию таҳқиқии устод Халилуллоҳ Халилӣ ба номи “Файзи қудс”, ки шарҳи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегирад, баргузор шуд.

Ин китобро тавсия медиҳам бихонед

 “Дастнависҳо сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ”. Гулчине аз мақолоти ховаршиноси маъруфи Фаронса, узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон  Франсис  Ришар, ки ду сол пеш  дар Душанбе чоп шудааст. Франсис Ришар 3 декабри соли 1948 дар шаҳри Порис дар хонаводаи таърихнигори маъруфи асри 20 Жан Ришар дида ба олам кушодааст. Аз ховаршиносони шинохтаест, ки таълифоти зиёде дар мавриди дастнависҳои форсӣ дар китобхонаҳои Фаронса дорад. Борҳо ба Тоҷикистон омадааст, дар чандин ҷаласоту нишастҳои байналмилалии ховаршиносӣ ва маросимҳои таҷлил аз шахсиятҳои бузург ширкат ва суханрониҳо доштааст. Аммо бори аввал аст, ки як китоби 

Страницы