Дюма – писари Александр Дюмаи машҳур, нависанда, драманавис

Дюма Александр (Дюма- писар) 28 июли соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад. Нависанда ва драматурги фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1874). Писари Александр Дюма. Ба адабиёт бо шеърҳояш ворид шуд; маҷмуаи нахустинаш – «Гуноҳҳои бачагӣ» (1845) барояш муваффақият наовард.

Романфелетонҳои таърихии «Тристани сурхмўй» (1849), «Ҳенрих Наваррский» (1850), «Зане бо муҳраи садафӣ» (1854) аз комёбиҳои эҷодии Дюма шумурда мешаванд.

Ҳамчун намоишноманавис Дюмаро песаи «Хонуми чойгулбадаст» (1852), аз рўи романи ҳамноми он (1848, 2 ҷилд)

Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд

Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд?

Душманӣ (аз форсии миёна ва паҳлавӣ: «дуж» (бад) ва «манӣ» - маниш, андеша – бадманишӣ, бадандешӣ, баддилӣ, бадтозӣ, зишттабъӣ), адоват, падидаи равонӣ  иҷтимоӣ, ки бар асари бархўрди манфиатҳо пайдо  шуда, оқибатҳои ногувори равонӣ, ҷисмонӣ ва моддиву маънавӣ дорад; муносибати манфии бадхоҳонаю тезу тунди байни ду нафар, як ё якчанд гурўҳ, ки ба нафрату бадбинӣ ва расонидани зарар бунёд ёфта, бар асари он як тараф аз тарафи дигар зиён мебинад ва аз пайи интиқомгирӣ мешавад.

2. ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ҲИЗБ

Асосҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, ҳадафҳо ва вазифаҳои он ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 муайян гардида буданд. Як гурӯҳ шахсони ҳамақида, одамони касбу кори гуногун - аз кормандони Дастгоҳи Роҳбари давлат то олимону муаллимон, адибону рӯзноманигорон,

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси  Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба  “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир  гардид.

Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд, 

Ёде аз се Дӯстӣ: Дӯсти Некӣ, Дӯстии Самарқандӣ, Дӯстии Бадахшӣ

                                            Дўсти Некӣ

Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:

                

Китоби нав: “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоил тамаддуни Осиёи Марказӣ”

Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст.  Дар муаррифии китоб омада:  Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ  (1920 – 1996) бахшида шудааст.

Страницы