Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ иртибот дошта, ба мардум тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлими сайёра, кам гардидани сатҳи оби дарёҳо таъсири он ба кишвари мо низ расидааст ва душворию монеаҳои мушаххасро ба миён овардааст. Захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо кам ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки рудхонаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, сатҳи об поин гардида, резиши об ба обанбори “Норак” кам шудааст.
Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ аз шоирони соҳибдевони охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Китоби мазкур ғазалиёти дилчасп ва саршор аз ақидаҳои пешқадамонаро дар бар гирифтааст, ки аз таълиму тафаккури ашъори шоирони классик асос ёфта, баъдан афкори маорифпарварона ва услуби шеъри давраи нав онро музайян намудааст.
Китоб барои донишҷўёни факултаҳои суханшиносии макотиби олӣ ва ҳаводорони шеъри ҷаззоби шоир пешкаш мегардад.
«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» чунин буд номи мизи мудавваре, ки дирӯз, якшанбе дар шаҳри Душанбе бо ширкати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат мизи мудаввар баргузор гардид. Вазирони фарҳанги ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ нахуст мулоқот намуда, сиипас меҳмонон аз китобхона дидан намуданд.
Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир
Таи садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори
Дирӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии тоҷикон” доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов сухани муқаддимавӣ кард ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишварро барои ҳузурашон дар ин нишаст хайрамақдам намуд.
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёконамон мебошад.