Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. САНГНАВИШТҲО

​Замони қадим одамон барои навиштани номаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ, таълифи китобҳо воситаҳои мувофиқро ҷустуҷў кардаанд. Якеи ин асбобу анҷомҳо ҳаҷман вазнин бошад, дигаре душворнавису гаронбаҳо будааст.Тахтасанг, тахтачаҳои фузулӣ, мисӣ, сурбӣ, сафолӣ, тактачўбҳо, чўбдаст, пўстлоқи дарахти тўс, барги дарахтони хурмо, рустании папирус, пўсти ҳайвонот ва қоғаз давра ба давра истифода шудаанд. Мардуми Шумери қадим,

Пешвои миллат бо халқ ва аз халқ аст

Баъд аз ба даст овардани Истқлолияти давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, моҳҳои май - октябри соли 1992 Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Воқеан, замоне, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, Тоҷикистонро ба кишвари амну босубот, пешрафта 

Муаррифии Тоҷикистон дар чанд сатр

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Шоҳроҳои бузурги абрешим қарор дорад. Ин кишвари кӯҳистон аст, зеро 93 фоизи замини онро кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Тиёншон ва дигар қуллаҳои баланд ташкил медиҳанд.

Масоҳати умумии ҳудуди Тоҷикистон 143 ҳазор км мураббаъ аст. Дарозию паҳноии кишвар аз Ғарб ба Шарқ 715 км ва аз шимол ба ҷануб 509 км аст.

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардед!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМОМНАЗАРОВА ОИНА БОБОНАЗАРОВНА

ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардед!

Профессор Мукаррама Қосимова дар минни 87-солагӣ аз олам даргузашт

Устоди Донишгоҳи миллӣ, яке аз муваффақтарин бонуи илми тоҷик, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова имсол ба синни  87-солагӣ аз олам гузашт. Мукаррама Қосимова аз аввали солҳои 50 асри гузашта вориди шоҳроҳи илм шуд ва чун як ғаввоси моҳир шиновари баҳри нопайдоканори илм шуд.

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ КАЛАМ

Калам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд.

            Пайдоиши  найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор сол ва пар бештар аз 1200 сол қабл дар истифода буданд.

Страницы