Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Қозӣ Муҳаммадшариф Садри Зиё (Таваллуд- 1282)

 Ғазал

Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин

Баҳри қатли мани бечора зи ҳар гўша камин.

Зулфи мушкини пур аз чини ту ишратгаҳи дил,

Чашми маҳмури пур аз нози ту ғоратгари дин.

Эй лаби лаълу рухат лолаву чашмат наргис,

Рашки зулфу мижаву холу хатат оҳуи Чин!  

Академик Ирина Каримова дар бораи як китоби Абдуғаффори Партав

​Ин сарсухан бо номи “Васофи  илму маориф” дар китоби адиб ва рӯзноманигори шинохта Абдуғаффори Партав “Истиқбол” чоп шудааст. Он замон муаллифи пешнавишт Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буд. Ва чун як тан аз сарварони маорифи кишвар ба ҳикояву очеркҳое тақриз навиштааст, ки ба муаллим бахшида шудаанд. Ки тоби мазкур соли 2010 чоп шудааст ва хонандагони азиз онро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Инак, он сарсухан:

Номи  Абдуғаффори Партав  (Партоев)  ба кормандони  соҳаи маорифи  ҷумҳурӣ  ҳанўз  аз   солҳои  70-уми  асри  гузашта, 

КМИР: Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% раъйи интихобкунандагон Президенти Тоҷикистон шуданд

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти 

Рӯзи Фалак расид...

Фалак (ар. - осмон), гардун, арш, модари ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон, жанри мусиқии овозӣ ва созӣ аст. Фалак мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Фалак ананаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии кўҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳанд. Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб 

Тақдими 157 китоби кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасон ба Китобхона

Кормандони шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллӣ   аз китобхонаи шахсии худ барои ғанӣ гардонидани фонди умумии  Китобхона 157 китоб ҳадя карданд ва мегӯянд ин иқдомашон минбаъд идома хоҳад кард.

Ҳоло хонандагон метавонанд аз китобҳое чун А. Самадзода «Нек ва бад», У. Кўҳзод «Ҳайҷо», Р. Амонов «Навбаҳори чашмасор», Р. Раҳим «Ниёиш», А. Шукўҳӣ «Откуда вода течёт», В. Багаминов «Огонёк 

Ғолибони даврҳои аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”

Онҳоеро муаррифӣ мекунем, ки аз ҷумлаи аъзои ҳамешагии толори хониши кӯдакон ва наврасон буда, аз фаъолтарин ширкаткунандагони маҳфилҳои ин шуъба мебошанд. Онҳо ҳар рӯз меоянд ва китоб мехонанд, ба озмун омодагӣ мебинанд. Шавқу завқе, ки ба китоб доранд, моро ҳам водор кард дар бораашон ин ҷо нависем.

Каримова Мадина 5 ноябри соли 2008 дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Ў сокини деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб аст. Айни ҳол  хонандаи синфи 5-уми МТМУ- № 47 мебошад. Ў аъзои шубаи кўдакон ва наврасон буда, дар 

Страницы