Академик Ирина Каримова дар бораи як китоби Абдуғаффори Партав

Ин сарсухан бо номи “Васофи  илму маориф” дар китоби адиб ва рӯзноманигори шинохта Абдуғаффори Партав “Истиқбол” чоп шудааст. Он замон муаллифи пешнавишт Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буд. Ва чун як тан аз сарварони маорифи кишвар ба ҳикояву очеркҳое тақриз навиштааст, ки ба муаллим бахшида шудаанд. Ки тоби мазкур соли 2010 чоп шудааст ва хонандагони азиз онро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Инак, он сарсухан:

Номи  Абдуғаффори Партав  (Партоев)  ба кормандони  соҳаи маорифи  ҷумҳурӣ  ҳанўз  аз   солҳои  70-уми  асри  гузашта, тавассути    рўзномаи  «Маориф   ва  маданият»,   дигар  нашрияҳо ва барномаҳои  гуногуни радиову телевизион ошно аст. Ў дар бораи  фаъолияти  гуногунҷабҳаи олимон,  муаллимон, устодони  мактабҳои  олӣ  ва дигар  муассисаҳои илмию  таълимӣ  мақола,  очерку публисистика навишта, кору заҳмат ва дастовардҳои  ононро  ба хонандагону  шунавандагон  шиносонидааст. Бо боварӣ метавон  гуфт,  ки тавассути навиштаҳои   ў,   муаллимон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ ба  ҷустуҷў ва усулҳои самарбахш ва таҷрибаи кори таълимӣ  ба ҷустуҷў ва усулҳои самарбахш ва таҷрибаи кори бисёре аз  устодони  соҳаи таълиму тарбия  ошноӣ пайдо  кардаанд.

Аз ошноӣ бо навиштаҳои Абдуғаффор Партав ба хулосае  омадан мумкин аст, ки ў яке аз кошифони аввалини  истеъдоду маҳорати  хуби  омўзгорони  шоистаи ҷумҳурӣ   Қаҳрамонони Меҳнати  Сосиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова,   Ҳабиба Каримова  ва чанде   дигар омўзгорони фидоии кори  таълим ва тарбия мебошад.  Партав аз кору  заҳмати онҳо борҳо хабару  мақолаҳо навишта, онҳоро ба ҳамкасбони   хуб муаррифӣ карда, боиси дилгармӣ,  рўҳбаландиашон  гаштааст. Ба хусус кору фаъолияти  ин ду муаллимаи  меҳрубон,  ки  дар замони  шўравӣ  бо унвони олии  Ватан  -Қаҳрамони  Меҳнати  Сосиалистӣ     қадршиносӣ   шуда, дар ҷумҳурӣ овозаю шўҳрати  зиёде  касб карда буданд,  то ба имрўз дар миёни  кормандони муассисаҳои  таълимии ҷумҳурӣ  намунаи ибрату пайравӣ  мебошад.

Доираи  фаъолияти  журналистӣ  ва  нависандагии   Абдуғаффор  Партов фарох буда,  на танҳо онҳоеро, ки барҳақ фидоии  илму маърифат ҳастанд, васф  кардааст,  балки  пеши  роҳи  қаллобону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятиро  гирифта,  онҳоеро, ки ба моликияти  мактабу маориф назари  судхоҳӣ  доштаанд,  ҷон  дар хатар гузошта,   бо хабару мақолаҳо  зери  танқиду тамасхур гирифтааст. Аз ин ҷиҳати  фаъолияти   ў метавон  мисолҳо  зиёд овард,  вале ин ҷо  муроди мо муаррифии осори   бадеии  Партав  аст,   ки дар бораи олимон устодон  ва  омўзгорону шахсиятҳои  машҳури   ҷумҳурӣ   ҳикоят  мекунанд.

Нависанда  Абдуғаффори  Партав  дар  партави   Соли   маориф ва фарҳанги техникӣ  эълон  шудани  соли   2010   маҷмўаеро  аз ҳикояву  қиссаҳо  ва  очерку   публисистика,  ки аз  фаъолияти олимон,  устодон  ва  муаллимони  фидойи  кори   таълиму  тарбия  қисса   мекунанд,  мураттаб  сохтааст,  ки   ҳамакнун  дар дасти  шумост.

Табиист,  ки  мактаб  бар замми  ҷойи таълиму тарбия  будан коргоҳест,  ки  табиати   инсонро сайқал дода,  касро ба камол  мерасонад,  ба роҳи  дуруст ҳидоят менамояд,   хулқу   хўйяшро  пухтаю   суфта    мегардонад. Ин  ҳама   дар ҳикояҳову  қиссаҳо ва  очерку публисистикаи   ў,  ки   бо    забони  суфтаю   лаҳни  ширин  иншо  шудаанд,  нақши  муҳим   доранд. Масалан,  аз   мутолиаи  ҳикояи  «Рўзӣ …»  ҳарчанд  пештар  навишта шуда   буд,  ба  хулосае  омадан мумкин  аст,  ки он дар партави  гуфтаҳои  Презденти  мамлакат  Эмомалӣ   Раҳмон   иншо  шуда,  он   гуфтаҳоро  қувват медиҳад  ва онҳоеро,  ки  аз  вазифаю  мартабаи  устодӣ    берун   по ниҳодаанд ва онҳоеро,  ки  ҳикояи  «Ҳамкорони  нав»   кори  таълиму  тарбияро дуюмдараҷа мепиндоранд,  ва  ё  касонеро,  ки дар кору зиндагӣ   қолабӣ  ва  шахшудаанд аз доираи  дастуру нишондодҳои   маъмурӣ  сари  мўе  берун андешида  наметавонанд,  мазаммату  сарзаниш намудааст.

Қаҳрамони  қиссаи  «Санам»    донишҷўест,  ки   бо   тавсияи  табибон   дар таҳсили   худ  таътил  карда,  бо  роҳхати  Вазорати маориф ба  мактаби   деҳоти  дурдаст ба кори   омўзгорӣ  меравад,  бо талошу  заҳматҳояш  байни  коллективи  муаллимону  хонандагон соҳибобрў  ва  эътибори  баланд  мешавад.  Зиндагӣ   қонунҳои  нанавиштае  ҳам   дорад,  ки касро  дар  ғафлат  ёфта,  муаммо пешкаш мекунад. Муаллимаи ҷавон Санами  маҳбуб бо одамони неку бад,  мушкилҳои зиёди зиндагӣ рў ба рў  мешавад,  вале он ҳама нобарориҳо рўҳи  ўро нашикаста, баҳри беҳбудӣ ва дар зиндагӣ нақши нек   гузоштан ҷаҳду талошро идома медиҳад. Ва дар охир роҳи  сохтмони Роғунро пеш мегирад то ба ҷамъият манфиати бештаре бирасонад.

Саргузашти олими ҷавон   Содиқ   Акрам аз қиссаи «Ғубори  роҳ»  низ басо ҷолиби диққат,  хотирмон   ва  тарбиявист. Бисёрҳо  шудааст, ки мо дар зиндагӣ ба қадри шахсони фарзона намерасем,  ба хусус агар онҳо аз наздикони мо бошанд ва ҳамин аст, ки  дар ин бора ҳикмати машҳури халқ  ҳаст: оби дари хона қадр надорад. Дар зиндагӣ  боз ҳам  одамоне ёфт мешаванд, ки моли сараро аз носара (сақат)  ба хубӣ  фарқ   карда метавонанд.  Инро аз мутолиаи «Ғубори  роҳ»,  ки аз ҳаёти олими ҷавони ихтироъкор   қисса  мекунад, ба хубӣ пай  бурда  метавонем.

Хулласи калон, маҷмўаи «Истиқбол»-и  қаламкаши   варзида узви Иттифоқи нависандагони собиқ СССР  ва  Тоҷикистон, Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон, муаллими дараҷаи олӣ Абдуғаффори Партав (Партоев)   ба  Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бахшида шуда, дар боби қадршиносии олимон, устодон ва  муаллимон сухани   бамаврид, массаратбахш ва омўзандаю  хотирмон мебошанд.

Ирина Каримова,

Академик.

Таҳияи Малика Абдуллоева, мутахассиси               

шуъбаи кўдакон  ва  наврасон.