Хеле ибратомӯз. Порае аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ

Саге, ки ақлу идрок  надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту  меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро  ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту  кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.

Ҳизбе, ки ошён дар умқи дили халқ дорад. Чанд ҳарф аз таърихи таъсиси Ҳизби Халии Демократӣ аз забони муассиси он Эмомалӣ Раҳмон. Бахши аввал

Ҳизби мо ҳизби табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем. Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми оддӣ ҷамъ омаданд. Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем. Ин элитаи ба вуҷудомадаи худрӯи халқист, ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайвасти як модели хуби ваҳдати миллиро 

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”

Маҳфили навбатии «Ҳамешабаҳор»–и шоири шинохта Хайрандеш бо хонандагони фаъоли шубаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.

Чун ҳарвақта маҳфил аз 7– равза иборат буд. Дар ин маҳфил сўҳбату баҳсу мунозираҳои шавқовар баргузор гардид.  

Дар маҳфил муаллима Боқиева Гулбибӣ ва навқаламони узви маҳфил:  Нозанини Шўҳрат,

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Содиқ Муншии Ҷондорӣ ( Тумани Бухоро) (Аз шуарои аввалҳои асри 13)

(Аз « Туҳфат – ул – аҳбоб»)

Хондем чун сафеду сиёҳи китоби чашм,

Чун нуқтаи сиришк надидем боби чашм.

Ҳамчун нигаҳ расад ба фалак сарви нолаам,

Ин нахл парваридаам азбас ба оби чашм.

Равшандилон зи ғафлати ҳамсоя тираанд,

Рӯзи Одамушшуаро Рӯдакӣ. Вожае бо маънои нодир дар рубоии Рӯдакӣ

Дар миёни ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ рубоии   зайл  хеле машҳур аст:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай. Вақти саҳар.

Тарсанда. Зи кӣ. Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.

Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо. Бар лаби тар!

Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Шакар.

Ин рубоӣ дар нигоҳи аввал хеле сода ва қобили дарк аст, ҳеч калимаи нофаҳмое надорад, ҳама  вожаҳои таркибаш  дар забони муосир истифода мешаванд.

Кароматулло Олимов. Ахтари дурахшони илм. Пешгуфтори китобе, ки тоза чоп шудааст

Зиндагии шахсиятҳои бузурги миллат ва давлатро донистан на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо, балки мактаби ибрат барои имрузиёну фардоиён мебошад. Миллати мо, хушбахтона, чи дар гузаштаҳои дур ва чи дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ фарзандони машҳур ва олимону адибони бузургро ба ҷаҳони тамаддун тақдим кардааст, ки ҳанўз номҳои бисёри онҳоро, ба истилоҳ, ба рўи об набаровардаем. Асарҳои аз сўхторҳову селҳо ва тороҷҳо ҳанўз боқӣ монда, ки дар китобхонаҳои кишварамон ва давлатҳои дуру наздик ҳифз мешаванд, шояд аз сад даҳи онҳо маълуму таҳқиқ шуда бошанд.

Страницы