Ғазал
(Аз тазкираи Афзал)
Хуррам дили он кас, ки нигораш ба бар ояд,
Осудагии чон, ки шаби ҳаҷр сар ояд.
Аз ишқи ту ҳаргиз нашавад як сари мў кам,
Гар филмасал он зулфи сияҳ то камар ояд.
Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти дурру дароз.
Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаш нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовори унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Унвони фахрӣ дар ҷаласаи кормандон аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.
Инҳо:
1.Файзализода Ҷумахон Хол - Директори
Аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон, се семоҳа мегузарад. Дар ин муддат зиндагии башарият ба тағйироти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Шак нест, ки ин вирус ба тамоми шохаҳои муносибот ва фаъолияти одамӣ таъсир расонид аз ҷумла, дар муносибатҳои шахсию иҷтимоӣ. Дар ин давраи вирусӣ бахшҳои илму фарҳанг низ ба таври иҷборӣ ба таътил рафтанд ва кишварҳои олам саъй мекунанд, ки аз ҳузури физикӣ дар китобхонаҳо низ худдорӣ
(Аз тазкираи Афзал)
Дам ғанимат дон, зи чархи бемадор андеша кун,
Магзарон имрўз, аз анҷоми кор андеша кун!
Дидаҳои дом орад бар замин мурғ аз ҳаво,
Чашми худ бикшо, зи чашми интизор андеша кун!
Ҳеҷ медонӣ, ки сомони ту ранги рафта аст,
Эътиборе гир, эй беэътибор, андеша кун!
Чун шукуфтӣ, баргрезиҳои гулшан ёд ор,
Дюбуа (Dubeux) Луи 2 ноябри соли 1798 дар Лиссабон ба дунё омадааст. Эроншиноси фаронсавӣ, Падараш то соли 1808 дар консулгарии Фаронса дар Португалия кор мекард ва ҳамин сол ба Порис баргашт. Фаъолияти ҳирфаии Дюбуа аз китобфурўшӣ дар корхонаи ношири машҳури Порис де Буре оғоз ёфтааст. Баъдан соли 1816 корманди (ёвари нигоҳдори нусхаҳои хаттӣ) Китобхонаи миллӣ (салтанатӣ)-и Порис шуд. Дар ин