Нусхаи хаттӣ китоберо гўянд, ки коғази он аз тарафи санъаткори моҳире сохта шуда, ҷилди он аз тарафи ҳунарманди тавоно саҳифабандӣ шуда, муҳтавои онро олиму донишманде бо хома (қалам)-и хеш бо диққату ҳавсалаи хос дар тўли рўзҳову моҳҳо ва шояд солҳо таълиф ё эҷод намудааст.
Қобили зикр аст, ки осору андешаҳои гузаштагони мо аз тариқи ин гуна нусхаҳои хаттӣ ба дасти мо омада расида аст.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар Китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи шуъбаҳоест, ки барои хонанда хеле армуғонҳо дорад. Хонандагон дар ин шуъба метавонанд ба баҳри нопайдоканори адабиёти нодири олам шино кунанданд ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳраҳо бардоранд.
Дар ин шуъба хонандагон имкон доранд бо 505 номгӯй асарҳои нодири адибони олам ошно гарданд. Аз ҷумла, китоби А.С. Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»;
Муҳтарам кормандони Китобхонаи миллӣ!
Мехостам дар бораи ин истилоҳ огоҳӣ ёбам:
Абонименти байни китобхонаҳо.
Ин чӣ аст? Шуъбае, ки бо ин ном амал мекунад,
чӣ таърих дорад ва ба чӣ кор машғул аст?
Иноят Салимова, шаҳри Қурғонтеппа
Ба саволи хонанда Моҳира Бахшова,
Чанд сол аст, ки доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоири ширинсухан ва маънигарои адабиёти классикии форсу тоҷик Саҳобии Астарободӣ пажуҳиш менамоям. Дар воқеъ дарёфтам, ки шеъри Саҳобӣ вижагиҳои ба худ хос дошта, метавонад ба хонандаи имрўз ҳисси худшиносӣ, ватану ватандорӣ дур будан аз ихтилифоти динию мазҳабӣ ва панду ахлоқро ҳадя намояд.
Ҳонандаи арҷманд ва адабпарвар! Қабл аз он ки ба зикри чанд рубоии шоир бипардозем, айни муддаост, ки чанд сухан доир ба худи Саҳобии Астарорбодӣ гуфта бошем.
Абўсаид Камолиддини Наҷафии Астарободӣ, мутахаллис ба Саҳобӣ шоир ва орифи форсу тоҷик буда, дар садаи Х ва ХI ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар ба охири асри XVI ва аввали асри XVII, дар замони салтанати шоҳ Аббоси Сафавӣ, зиндагӣ кардааст.
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз шуъбаҳои бонуфузтарин дар мавриди ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдорӣ намудани мероси хаттии ниёгонамон ба шумор меравад. Дар ин мақолаи кучаки худ хостем оид ба яке аз нодиртарин нусхаҳои хаттии калонҳаҷми фонди беназири шуъбаи мазкур «Дастур-ул-илоҷ», ки роҷеъ ба илми тиб сухан меравад, муруре дошта бошем.
Муаллифи «Дастур-ул-илоҷ» табиб ва нависандаи
Оре, инсони баркамол тамоми умр орзуи бозгашт ба кӯдакӣ дорад, чун маҳз ҳамин тифлист, ки олами беғаш ва бегуноҳист. Тифлист, ки ғами дунё надорад ва ҳамин олам олами рангҳост. Оламе, ки дунёро ҳамеша рангин мебинад.
Тасаввури тифлон хеле бою рангин аст. Онҳо бо ҳамон ақли кӯчаку назари кунҷковашон мехоҳанд оламро рангинтар бинанд ва ин тасаввурро дар расмҳои худ, дар эҷоди самимонаашон рӯйи коғаз мерезанд.