Даъват ба китоб ва Китобхона дар ду муаасисаи олии пойтахт

         Ҳамарўза барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Ҷумҳурӣ тибқи нақшаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷараён дорад.
Имрӯз, 4-уми ноябр гуруҳе аз кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муштаракан бо шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти

Конститутсия – бахтномаи миллат

4 – уми  ноябри соли 2016  чорабинии фарҳангию маърифатӣ  бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ  дар Бахши кўдакон ва наврасон баргузор гардид. Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро аз номи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ба муносибати рӯзи Конститутсияи кишвар муборакбод

Санъати коғазгарии анъанавӣ

Санъати коғазсозӣ, яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон буда, дар гузашта дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот,Чорҷўй, Хуқанд ва ғайра маъмул буд. Устоҳои коғазгар анвои коғазҳоро истеҳсол намуда, ба кишварҳои дигар содир мекарданд. Вале дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ аз тавсифи коғази самарқандӣ бештар сухан рафтааст, ки он тақрибан аз асри XVIII инҷониб дар Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур будааст. Яке аз асарҳои қадимтарини

Мулоқот бо хонандагони шаш мактаби шаҳри Душанбе

Иқдоми даъват ба Китобхона ва китоб идома дорад.
Баъд аз зуҳри имрӯз, панҷшанбе чанд тан аз кормандони шуъбаҳои маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва Маркази такмили ихтисос ба мактабҳои  № 36, 39, 63, 64,48 ва 49-и пойтахт рафтанд ва аз муҳассислини ин макотиб даъват карданд, ки ба китобхона оянд.
Маъмурияти ин мактабҳо иқдоми Китобхонаи

Дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон аз куҷо?

Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва дар ҷараёни ошноӣ бо ин боргоҳи маърифат 42 номгӯй китоби ноширони Қазоқистонро туҳфа кард.
Дар суҳбат бо масъулини Китобхона  дипломати қазоқ аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва дар гузашта иртибот миёни адибони ду кишвар хеле қавӣ буд. Баргузории рӯзҳои ададбиёти ду кишвар

Чаҳор сол бе Шакурӣ

Охири моҳи октябр зумрае аз шогирдону пайвандон ва наздикони академики марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ зодрӯзи ӯро таҷлил карданд. Дар ин рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳое аз зиёрати манзили охирати устод Шакурӣ интишор ёфтанд. Чанде аз донишмандону рӯзноманигорон ёдномаҳо дар ин саҳифаҳо интишор доданд, аз суҳбатҳои олими маъруф ёд шуд, хизматҳои шоиста ва ҷойгоҳаш дар илми тоҷикро ёдрас карданд.
Устод Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Страницы