Таърихи муштарак байни арабу тоҷик

Доктор Аҳмад Абдуҳ Таробик - нависанда ва пажӯҳишгари мисрӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалие, ки онро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рӯзҳои 28-29-уми октябри соли 2016  ба гиромидошти абаршоир Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо ширкати ҷамъе аз  донишмандон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср баргузор намуд, мақолае таҳти унвони  «Таърихи муштарак байни арабу тоҷик» навишт, ки он дар яке аз рӯзномаҳои мисрӣ

Аз 21-ум то 27-уми ноябр

21 ноябри соли 2016
90- солагии зодрӯзи Камолиддин Аҳмадов (1926-1988), доктори илми кишоварзӣ.
65- солагии зодрӯзи Шогунӣ Назрӣ (1951-2008), журналист.
70- солагии зодрӯзи Зебуниссо Шарифова (1946-2011), олимаи соҳаи химия, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.
50- солагии зодрӯзи Бозоралӣ Одинаев (1966), олими соҳаи техника.

Маҳфили «Хандарез» бо гурўҳи «Арабшо компания»

Баъд аз зуҳри имрӯз, 18-уми ноябр дар шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии   «Хандарез» баргузор гардид.
Дар маҳфил ҳунармандони гурўҳи «Арабшо компания» Дўстмурод Шарипов ва ҳаҷвнависи тоҷик Қосимҷон Зарифӣ иштирок доштанд.
Маҳфил хеле хотирмон буд. Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух

Намоиши китоб бахшида ба иди Парчам

Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб доир кард
Рӯзи Парчам ҳамасола 24 ноябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Дар намоиш бештар аз 30 нусха китобҳо, аксу суратҳои гуногун, маҷаллаҳо, нашрияҳо гузошта шуданд.
Хоҳишмандон метавонанд бо ин китобҳо дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус, воқеъ дар ошёнаи якум ошно шаванд.

Идомаи даъватҳо ба китоб ва Китобхона

Дар остонаи Рӯзи Президент кормандони шуъбаҳои илми-татқиқотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва шуъбаи  тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 47,50, 54 –и шаҳри Душанбе рафтанд ва дар доираи барномаи  «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» бо хонандагон ва муаллимони ин муассисаҳои таълимӣ суҳбат карданд.
Дар оғоз хонандагонро ба Рӯзи дарҳои боз даъват

Ду китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллӣ муаррифии китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони донишгоҳҳо,  донишҷӯён ва хонандагони китобхона баргузор шуд. Муаррифии китобҳо ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Страницы