Зарфи даҳ рӯз беш аз 870 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шуданд (Суратгузориш)

Чанд рўзи охир, баъди анҷоми барномаи тарғиботӣ ва даъват ба китобу Китобхона, ки дар макотиби олӣ ва миёна роҳандозӣ шуда буд, ба назар мерасад сафи аъзоёни нави Китобхонаи милли рӯ ба афзоиш овард.
Аксҳое, ки ҳоло мебинед, танҳо як лаҳзаи хеле кутоҳи вуруди хонандаҳои нав ба ин боргоҳи маърифатанд.
Зарфи даҳ рӯзи охир теъдоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ аз марзи 870 нафар убур кард.

Хизматрасониҳои нави «Ошхонаи миллӣ» - и Китобхонаи миллии Тоҷикистон

“Ошхонаи миллӣ” воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо хизматрасониҳои нав ба фаъолият пардохт. Акнун хонандагон ва аъзои китобхона метавонанд бо нархҳои дастрас таомҳои хушлаззат истеъмол фармоянд.
Зарфи ин чанд рӯзи охир дар ин ошхона ошпазҳои  соҳибкасбу пуртаҷриба ба кор оғоз карданд. Ҳамзамон бо ин талош ба харҷ медиҳанд нархномаи таомҳояшон поинтар аз ошхонаҳои атроф ва муносибтар ба кисаи муштариёнашон бошад.

«Шуълаи инқилоб»

«Шуълаи инқилоб», нашрияи Кумитаи ҳизбии болшевикони вилояти Самарқанди кишвари Туркистон барои мардуми форсизабон буда, нахустшуморааш 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.
«Шуълаи инқилоб» ҳафтае як маротиба зери шиори: «Ранҷбарони тамоми ҷаҳон, муттаҳид!» дар ҳаҷми ҳашт саҳифаи миёна бо ҳуруфи форсӣ ба тариқи чопи сангӣ ба табъ мерасид. Нашри рўзномаи мазкур то 8 декабри соли 1921 давом

Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва “Пешрафт” ба маъюбон

Зиёда аз 60 нафар ширкаткунандагони як ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон соҳиби ифтихорномаҳои Китобхонаи миллӣ, созмони “Пешрафт” ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова шуданд.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, 6-уми декабр дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус доир шуд ва ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бахшида шуда буд.
Муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова ва Гадобек Маҳмудов аз номи

Аз 5-ум то 11-уми декабр

5 декабри соли 2016

60- солагии зодрӯзи Холмуҳаммад Ғафурӣ (1956), шоир.
85- солагии зодрӯзи Ботур Қобилов (1931), наворбардори кино ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
115- солагии зодрӯзи Ҳоҷиумар Қосимов (1901-1990), устоди рақс,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
80- солагии зодрӯзи Файзалӣ Муродов (1936-2012), доктори илми

Мавзунҷони Ғафурзод-ҳунарманде, ки дидаи бинояшро аз даст додаст

Афроди дорои имкониятҳои маҳдуд касонеанд, ки нуқси ҷисмонӣ доранд. Иддае модарзод бо ин гуна нуқсҳо ба дунё меоянд ва зумраи дигар бар асари ҳодисаҳои нохӯш маъюби якумрӣ мешаванд.
Аммо аксари онҳо шахсоне мебошанд, ки ба зиндагӣ бо чашми умед менигаранд ва ҳамеша раҳмати худовандӣ ва муъҷизаро дар зиндагӣ интизоранд. Яъне, ин афрод бо умед зиндагӣ мекунанд, умед доранд рӯзе дидаи бинояшон бармегардад, пою дасташон сиҳат меёбад.
Умед аст, ки инсонро зинда медорад ва умед аст,

Страницы